Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Маълумот дар бораи иҷозатномадиҳӣ

Шуъбаи таҳияисанадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳииАгентии амнияти химиявӣ,биологӣ, радиатсионӣ ва ядронии Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон дар самти танзими ва таъмини бехатариирадиатсионӣ мавқеъи муҳим мебозад.



Вазифаѳои асосии шуъба
Таҳия вабаррасии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳо, қарорҳои ҳукумат, низомномаҳо, меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ,дастурҳои марбут ба истифодаибехатари манбаъҳои афканишотиионофар ва манбаъҳоирадиоактивӣ) ва технологияҳои ядроӣ. тавсияҳо ва талаботҳоиАгентии байналмилалии неруиатомӣ (АБНА), мутобиқ кардамешаванд.

Иҷозатномадиҳӣ
Шуъба дар ташкил ва баргузории мониторинги радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад, ки бо баҳодиҳии ҳолатирадиатсионӣ дар муҳити зист ва иншоотҳои гуногуни минтақаҳо анҷом додамешавад.

Пешгирӣ аз ҳодисаҳои марбут ба бехатарии радиатсионӣ, яке аз самтиафзалиятноки шуъба мебошад.

Ҳамзамонбо ин шуъба дар ташкили дарсҳоиомӯзишӣ ва семинарҳо бароикормандони бахшҳои хусусӣ ва давлатиисоҳаҳои тиб, саноат, ва дигар бахшҳо, ки дар фаъолияти худ манбаъҳои афканишоти ионофар ва моддаҳои радиоактивиро истифода мебаранд, баҳри баланд бардоштани сатҳи савияи донишу малакаи мутахассисон,чораҳои заруриро амалӣмегардонанд.



Шуъба бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), дар самти истифодаи тавсияҳо дар таҳия ва тартиб доданиқоида ва меъёрҳои самти таъмини бехатарии ядроӣ ва радиасионӣ ҳамкори дорад.Иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ низ аз бахшҳоидигари фаъолияти шуъба ба ҳисобмеравад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ