Муҳофизати ҷисмонии иншоотҳо
Муҳофизати ҷисмонии иншоотҳо дар Тоҷикистон, хусусан онҳое, ки бо маводҳои радиоактивӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар сарукор доранд, дар асоси санадҳои меъёрӣю ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ба танзим дароварда мешаванд.
Қонунгузории миллӣ:
1.Қонуни ҶТ "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" (№42, 2003). Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини бехатарии радиатсиониро, аз ҷумла чораҳои муҳофизати иншоотҳо аз хатарҳои радиатсиониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
2. Қонуни ҶТ "Дар бораи истифодаи неруи атомӣ" (№69, 2004). Тартиби истифодаи манбаъҳои энергияи атомиро, аз ҷумла муҳофизати иншоотҳои марбутаро, танзим мекунад.
3. Қонуни ҶТ "Дар бораи иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият" (бо таҳрири 2006). Талабот ба иҷозатномадиҳии фаъолиятҳои марбут ба маводҳои радиоактивӣ ва иншоотҳоро муайян мекунад.
4. Қонуни ҶТ "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ". Тартиби гузаронидани санҷишҳои иншоотҳоро, аз ҷумла онҳое, ки бо маводҳои радиоактивӣ кор мекунанд, муқаррар менамояд.
5. Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (НРБ-06, СП 2.6.1.001-06). Меъёрҳои техникиро барои таъмини бехатарии радиатсионӣ дар иншоотҳо муайян мекунад.
6. Қоидаҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ (ПОРБ-08). Талаботи мушаххаси амалиётӣ барои муҳофизати иншоотҳо ва кор бо манбаъҳои радиатсиониро муайян мекунад. .
7. Қоидаҳои бехатарии интиқоли маводҳои радиоактивӣ. Чораҳои муҳофизати физикиро ҳангоми интиқоли маводҳои радиоактивӣ муқаррар мекунад.
8. Категорияҳои хатари манбаъҳои ионизатсия. Гуруҳбандии манбаъҳои радиоактивиро аз рӯи сатҳи хатарнокӣ ва қоидаҳои он маян менамояд.
9. Низомномаҳо дар бораи танзими давлатӣ (№482, 2004). Механизмҳои назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ муайян мекунад.
Тавсия ва стандартҳои байналмилалии АБНА:
1. Кодекси рафтор оид ба бехатарӣ ва амнияти манбаъҳои радиоактивӣ (2000). Дастурҳо барои таъмини бехатарии физикии иншоотҳо ва манбаъҳои радиоактивӣ.
2. Низомномаи намунавӣ барои амнияти манбаъҳои радиоактивӣ (2008). Тавсияҳо барои муҳофизати манбаъҳо ҳангоми истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ ва интиқол.
3. Силсилаи нашрияҳои АБНА оид ба амнияти ядроӣ (№11, №14, №15). Дастурҳо оид ба муҳофизати физикии иншоотҳо ва маводҳои радиоактивӣ, аз ҷумла маводҳое, ки берун аз назорати танзимкунанда қарор доранд.
4. Категоризатсияи манбаъҳои радиоактивӣ (RS-G 1.9, TECDOC-1191). Системаи байналмилалии таснифи манбаъҳо аз рӯи хатарнокӣ, ки барои муайян кардани сатҳи муҳофизати зарурӣ истифода мешавад.
5. Луғати бехатарии АБНА. Истилоҳоти техникиро барои бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва интиқол онҳо муайян мекунад.
6. TECDOC-1355. Тавсияҳо оид ба таъмини амнияти манбаъҳои радиоактивӣ дар иншоотҳо.
Муҳофизати ҷисмонии иншоотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории миллӣ ва мутобиқ бо стандартҳои байналмилалии АБНА амалӣ карда мешавад. Санадҳои мазкур, якҷоя системаи ҳамаҷонибаи танзимро ташкил медиҳанд, ки иҷозатномадиҳӣ, санҷиш, меъёрҳои бехатарӣ ва чораҳои муҳофизати физикӣ, барои пешгирӣ аз хатарҳои ядроӣ ва радиатсиониро, дар бар мегирад.