Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Партовгоҳҳои урандор



Дар Тоҷикистон конҳои урани қаблан фаъол , буда, инчунин як қатор корхонаҳои коркарди уран мавҷуданд. Маъданҳои урани худи кишвар, инчунин ашёи хоми воридотӣ, асосан дар комбинати собиқи кӯҳию кимиёвии Ленинобод (ҳоло КМ “Востокредмет”) ва дигар корхонаҳои гидрометаллургии воқеъ дар наздикии ҷойҳои истихроҷи маъдани уран (Адрасман, Табошар, Исфара ва ғайра) коркард мешуданд. Айни замон ягона корхонаи фаъол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имконияти эҳтимолии коркарди маъдани уран ва маҳлулҳои кислотагии консентрати уранро пас аз шустушӯи кимиёвӣ нигоҳ доштааст, КМ “Востокредмет” мебошад. Дар тавозуни ин корхона инчунин 10 иншооти нигоҳдории партовҳои истеҳсолоти уран (партовгоҳҳо ва сангтӯдаҳои  кӯҳӣ) мавҷуданд. Аз сабаби болоравии нархи уран, партовҳои истеҳсолоти уран дар шимоли Тоҷикистон барои сармоягузорон ва ширкатҳои тиҷоратӣ аз нигоҳи имкони коркарди дуюмдараҷаи сангтӯдаҳои кӯҳӣ ва партовгоҳҳо ҷолиб шуда истодаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки комбинати шаҳри Адрасман ба наздикӣ барои истеҳсоли консентрати сурб бозсозӣ шудааст. Ҳоло қариб тамоми конҳо ва карйерҳои(конҳои кушоди) куҳнаи радий ва уран баста шудаанд, аммо аксари онҳо муҳофизат карда нашудаанд.



Миқдори умумии партовҳо дар партовгоҳҳои истеҳсолоти собиқи уран дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 55 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Фаъолнокии умумии партовҳо тибқи баҳогузориҳои гуногун тақрибан 240-285 ТБк (Терабеккерел) мебошад. Миқдори умумии партовҳо дар сангтӯдаҳо ва партовгоҳҳо, ки дар атрофи корхонаҳои гидрометаллургӣ ва ҷойҳои шустушӯи сангтӯдаҳо воқеъанд, беш аз 170 миллион тонна баҳогузорӣ шудааст.



Сангтӯдаҳо ва партовгоҳҳо дар минтақаи шаҳрҳои Табошар, Адрасман ва Дегмой (наздикии шаҳри Бӯстон(собиқ Чкаловск) одатан дорои пӯшиши муҳофизатӣ нестанд, сатҳи онҳо ба эрозия ва харобшавии аз ҷониби ҳайвонҳо кофташуда  дучор мешавад. Қисми зиёди майдонҳои олудашуда бо болоравии чанги бод осебпазиранд. Ҳар гуна пӯшишҳо дар тӯдаҳо ва партовгоҳҳо барои об хуб гузарандаанд, мавод метавонад бо ҷараёнҳои сел шуста шавад ва баъд аз хушк шудан, бо бод паҳн гардад, ки ин боиси ифлосшавии баланди обҳои заҳкашӣ(дренажӣ) мегардад, ки ба ҷараёнҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ворид мешаванд. Ҳамин манбаъҳои олудаи об аксар вақт аз ҷониби аҳолии маҳаллӣ барои об додани чорво истифода мешаванд, ва обҳои заҳкашӣ барои обёрии боғҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ, ки аксар вақт дар наздикии ҷойҳои нигоҳдории партовҳои истеҳсолоти уран ҷойгиранд, истифода мешаванд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ