Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд

Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд соли 2004 дар шаҳри Бӯстон (Чкаловск) дар асоси қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон № 72 аз 15 сентябри соли 2004 таъсис дода шудааст.

Самтҳои асосии фаъолият:
- Санҷиши дубораи маълумотҳои пешниҳодкардаи иҷозатномадорон тавассути гузаронидани мониторинги радиатсионии муҳити зисти вилояти Суғд;
- Омодасозии мавод барои иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолият оид ба истифодаи манбаъъҳои ионизатсияи радиатсия (МИР) ва пешниҳоди онҳо ба дафтари марказӣ дар шаҳри Душанбе;
- Ҳисобот, назорат ва инвентаризатсияи МИР дар ҳудуди вилояти Суғд;
- Гузаронидани санҷишко ҷиҳати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои амнияти радиатсионӣ дар муассисаҳое, ки МИР-ро истифода мебаранд.
Филиали Агентли ҳамчунин ба фаъолияти илми-таҳқиқотӣ, бехатарии радиатсионӣ дар минтақаҳои партовҳои собиқ КВД «Фулузоти нодири тоҷик» (собиқ «Востокредмет») ва дигар самтҳоро ба анҷом мерасонад.
Аз ҷониби кормандони филиали Агентли шиносномаҳои ҳамаи партовгоҳҳои урании шимоли Тоҷикистон таҳия карда шудаанд.
Аз ҷониби филиал ҳолати муҳандисӣ-геологлии партовголоҳҳои вилояти Суғд омӯзиш ва таҳқиқ шудааст.