Филиали Агентӣ дар ВМКБ
Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ ҳамчун яке аз сохторҳои Агентӣ буда ва дар солҳои оянда сохтмони бинои наву замонавии он ба нақша гирифта шудааст. Айни замон, Филиали мазкур дар шаҳри Хоруғи ВМКБ фаъолияти кории худро дар самтҳои асосии танзимӣ ва корҳои илмии зерин ба анҷом расонида истодааст:
Самтҳои асосии фаъолият:
- Мониторинги радиатсионӣ ва экологӣ дар минтақа.
- Таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар вилоят.
- Назорати истифодаи бехатарӣ манбаъҳои радиатсионӣ(шуоъафкани ионофар) дар муассисаҳои тиббӣ, саноатӣ ва илмии минтақа.
- Ташкили чорабиниҳо оид ба пешгирии хатарҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар вилоят.
- Ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ барои таъмини риояи стандартҳои байналмилалии бехатарӣ ва амнияти маводҳои ХБРЯ.
- Ташкили барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ барои мутахассисони маҳаллӣ дар соҳаҳои радиоэкология, технологияи коркарди моддаҳои радиоактивӣ ва дигар самтҳои ХБРЯ.
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ:
Корҳои илмӣ-тадқиқотии филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ дар асоси мавзӯъҳои муҳими илмӣ амалӣ мешаванд, ки он бо дастгоҳи Марказӣ ҳамоҳанг карда шуда, ба ҳадафҳои стратегии кишвар нигаронида шудаанд. Баъзе аз мавзӯъҳои асосии тадқиқотӣ:
- Тадқиқоти физикӣ-химиявии истихроҷи уран дар минтақа.
- Татбиқи усулҳои муосири таҳлили радиоэкологӣ ва мониторинг бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта.
- Тадқиқоти озмоишӣ ва саҳроӣ барои муайян кардани захираҳои уран дар минтақаҳои ВМКБ.
- Тадқиқоти таъсири радиатсия ба биосфераи кӯҳистони ВМКБ ва таҳияи тавсияҳо барои ҳифзи муҳити зист.
- Таҳияи усулҳои муосири коркарди моддаҳои радиоактивӣ бо истифода аз технологияҳои нав.
Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ дар самти таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин пешбурди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи радиоэкология ва коркарди моддаҳои радиоактив нақши муҳимро мебозад. Самтҳои асосии фаъолияти он ба мониторинги радиатсионӣ, истихроҷи бехатари уран, омодасозии кадрҳо ва ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллӣ нигаронида шудааст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии филиал дар доираи лоиҳаҳои АМИТ, аз қабили таҳияи харитаҳои радиоэкологӣ ва технологияҳои коркарди уран, амалӣ гардида, ба саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд.