Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Агентӣ - ин ҳамоҳангсозии корҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкории зич дорад, аз он ҷумла:
Ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА)
Ҳамкории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар чанд самти муҳим сурат мегирад:
Таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ: Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ҳамчун ҳамоҳангсози миллии АБНА дар Тоҷикистон фаъолият намуда, лоиҳаҳои муштаракро барои таъмини бехатарии радиатсионӣ ва пешгирии хатарҳои ядроӣ амалӣ мекунад.
Ташхис ва табобати саратон: АБНА тавассути лоиҳаҳои TAD6007 ва TAD6008 ба Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ таҷҳизоти муосири ташхисӣ (масалан, мизи томографияи компютерӣ, дастгоҳҳои ултрасадо ва рентгентерапия) тақдим намудааст. Таҷҳизоти мазкур бо ҳамоҳангии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба истифода дода шуда, барои пешгирии саривақтии бемориҳои саратон мусоидат мекунад.
Ҳифзи пиряхҳо: Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар доираи лоиҳаи миллии TAD7004 бо АБНА барои омӯзиши пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ҳамкорӣ мекунад.
Омодасозии мутахассисон: АБНА барои омӯзиши мутахассисони тоҷик, хусусан дар соҳаи саратоншиносӣ ва технологияҳои ядроӣ, кумак мерасонад. Барномаҳои мазкур ба тақвияти иқтидори илмии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.
Иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ: Намояндагони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар чорабиниҳои байналмилалии АБНА, аз қабили Конфронс, вохуриҳо, симпозиумҳои самти бехатарӣ ва амнияти ҳастаӣ иштирок намуда, масъалаҳои ҳамкориҳоро дар он баррасӣ менамоянд. Чунин мулоқотҳо барои таҳкими робитаҳо ва мубодилаи таҷриба мусоидат менамоянд.
Маркази минтақавӣ: Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳои ХБРЯ дар Душанбе бо дастгирии АБНА ба сифати маркази ҳамкории минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ эътироф шудааст, ки ин ифтихори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур мебошад.
Дар умум, ҳамкорӣ бо ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти бехатарӣ ва амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Ҳамкорӣ бо Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои Итиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои АМИТ (Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ) бо Федератсияи Русия ва давлатҳои ИДМ дар соҳаи истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ дар нуқтаҳои зерин ҳамкории зичро ба роҳ мондааст:
Барномаи «АТОМ-СНГ» ва солимгардонии партовгоҳҳои уран: Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар Барномаи чорчӯбавии ҳамкорӣ бо давлатҳои ИДМ фаъолона иштирок мекунад. Барномаи мазкур ба истифодаи осоиштаи энергияи атом равона шуда, яке аз самтҳои муҳими он солимгардонии партовгоҳҳои саноати урании шимоли Тоҷикистон мебошад. Агентӣ дар амалисозии Барномаи байнидавлатии «Солимгардонии ҳудудҳои осебдида аз саноати уран» саҳми назаррас дорад.
Омӯзиши мутахассисон: Мутахассисони ҷавони Тоҷикистон дар донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Русия, аз қабили Донишгоҳи миллии ҳаставии тадқиқотии(ДМҲТ) “МИФИ” ва Маркази илмии саратоншиносии ба номи Н.Н. Блохин, давраҳои омӯзишӣ гирифтаанд, ки ба баланд бардоштани ихтисоси касбӣ дар соҳаи энергияи атом, физикаи радиатсионӣ ва тибби радиатсионӣ нигаронида шудаанд. Иштирок дар форумҳои байналмилалии «ФОРСАЖ» ва мактаб-интернатҳои ташкилкардаи «РОСАТОМ» ва ДМҲТ “МИФИ” имкон медиҳад, ки олимон, аспирантҳо ва мутахассисони ҷавон малакаҳои худро такмил диҳанд. Зиёда аз 18 мутахассиси ҷавони Агентӣ дар Донишгоҳи байналмилалии экологии ба номи А.Д. Сахаров (Минск, Беларус) таҳсил кардаанд ва донишгоҳи номбурдаро бо муваффақият хатм кардаанд. .
Таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ: Агентӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) ва мақомоти танзимгари давлатҳои ИДМ ҳамкории зичро ба роҳ монда дар таҳия ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ҳамкорӣ бо Русия, Беларус ва дигар давлатҳои ИДМ ба такмили малакаи касбӣ, таҳкими амнияти радиатсионӣ ва ҳамоҳангсозии стандартҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
ҲАМКОРИҲО БО ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО
Комиссияи танзимкунии ядроӣ
Ду лоиҳа амалӣ гаштааст
Лоиҳа оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, бо мақсади такмил додан ва ҳамоҳангсозии он бо стандартҳои байналмиллалии АБНА дар ин соҳа.
Лоиҳа оид ба гузаронидани бақайдгирии ҳамаи манбаъҳои афканишоти ионофар ва моддаҳои радиоактивӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъ овардани маълумот оиди мавҷудияти кулли манбаъҳои радиоактивӣ дар ҷумҳурӣ. Базаи маълумотии Пойгоҳи нармафзори мақомоти танзимкунанда RASOD (Regulatory Authority Software Database) таъсис дода шудааст, ки ба он ҳамаи маълумотҳои аз 4 минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварда ҷой карда шудааст.
ДЕПАРТАМЕНТИ ЭНЕРГЕТИКА
Лоиҳаҳои зерин амалӣ гаштаанд:
- • Кофтукоб ва интиқол манбаъҳои радиоактивии бесоҳиб ба Пойгоҳи Ҷумҳуриявӣ, бо мақсади дарёфт намудани манбаъҳои партофташуда, ки берун аз назорати танзимӣ мебошанд. Дар натиҷа зиёда аз 500 манбаъҳои радиоактивӣ дар шимоли Тоҷикистон дарёфт карда шуданд, ки онҳо ба Пойгоҳи Ҷумҳуриявии Партовҳои Радиоактивӣ (ПҶПР) ба шаҳраки/ноҳияи Файзобод интиқол дода шуданд. Инчунин 178 манбаъҳои радиоактивӣ дар қисмати ҷанубӣ ва 76 манбаъҳои радиоактивии дигар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (ШНТМ) дарёфт карда шуданд. Дар шарқи ҷумҳурӣ, яъне Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) манбаъҳои радиоактивии бесоҳиб дарёфт нашудаанд. Гуфтушунидҳо оид ба масъалаи ҳамлу нақли манбаъҳои бесоҳиб ба ПҶПР, ки қаблан дар ҷануб ва ШНТМ дарёфт шудаанд, идома ёфта истодааст.
- • Муҳофизати ҷисмонии 3 иншоот аз қабилӣ ПҶПР, Муассисаи давлатии «Маркази илмии саратоншиноӣ» ва Гамма-лабораторияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки он ҷо партовҳои радиоактиви фаъолнокиашон баланд, нигоҳ дошта мешаванд, таъмин карда шудааст,
- • Лоиҳа оид ба пайваст намудани иншоотҳои қаблан зикршуда ба нуқтаи идоракунии посбонии Вазорати Корҳои Дохила.
- Якчанд курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо гузаронида шуда буд.
ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА БО КОМИССИЯИ АВРУПО ВА ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ
ИТТИҲОДИ АВРУПО
- КОМИССИЯИ АВРУПО
- Лоиҳаҳои зерин амалӣ гаштаанд:
- Лоиҳаи T09.
- Мақсади асосии лоиҳа ин муқобилият ба таҳдидҳои терроризми ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад. Лоиҳа барои дастгирии идораҳои мувофиқи Тоҷикистон, ки дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд, равона карда шуда буд.
- Баҳодиҳии ҳамаҷонибаи муҳити атроф ва асосноккунии техникию иқтисодии объектҳои Деҳмой ва Табошар.
- Ин лоиҳаҳо манзараи муфассали ҳолати объектҳои Деҳмой ва Истиқлолро (қаблан Табошар) пешкаш менамоянд ва маълумоти бадастомада барои қабули қарор оид ба усули корҳои солимгардонӣ дар объектҳои зерин асос мешаванд.
- Насби иншооти обтозакунӣ барои тоза намудани обҳои аз уран ифлосгаштаи объекти Табошар MC4.02/13 (A)
- Мақсадҳои лоиҳа инҳо мебошанд:
- Омода намудани дизайн/тарҳ ва нақшаи технологии иншооте, ки барои тоза кардани обҳои аз уран ифлосгаштаи объекти Истиқлол (қаблан Табошар) пешбинӣ шудааст;
- Бурдарасонӣ ва насби иншооти обтозакунӣ дар ш. Истиқлол (қаблан Табошар).
- Лоиҳа оид ба мустаҳкам намудани инфрасохтори мақоми танзимгари Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ аз фаъолияти қаблии саноати уранӣ амалӣ гаштааст. Лоиҳа ба таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мувофиқ, талаботҳои танзимгарӣ оид ба таъмини муҳофизати кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист ҳангоми банақшагирӣ ва гузаронидани корҳо бо партовҳои радиоактивӣ равона шуда буд
- БРИТАНИЯИ КАБИР
Лоиҳа оид ба навсозии(модернизатсияи)Пойгоҳи Ҷумҳуриявии Партовҳои Радиоактивӣ (ПҶПР) бо воситаи сохтмони бинои нав барои РИТЭГҳо, сохтмони бинои нав барои муҳофизон (Пулти идоракунии марказӣ (ПИМ), девор кашидани минтақаи назоратӣ бо девори бетонӣ, гузаронидани хати (сурхи) алоҳидаи барқ, гузаронидани хати алоҳидаи обтаъминкунӣ, ҷиҳозонидани элементҳои муҳофизати ҷисмонӣ дар тамоми гирду атрофи минтақаи назоратӣ (камераҳо, санҷандаи ҳаракат, санҷандаи инфрасурх ва микромавҷҳо ва ғайра), ҷиҳозонидан бо генератор, ҳангоми хомӯш шудани қувваи барқ ва якчанд навигариҳои дигар.