Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ
Се мавзӯи илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои солҳои 2025-2029:
Мавзӯи 1: Хусусиятҳои истихроҷи консентрати уран ва дигар компонентҳои арзишнок аз маъданҳо ва партовҳои истеҳсолоти уран дар Тоҷикистон, № 0125TJ1658, (02.00.04 – химияи физикӣ)
Маълумоти мухтасар: Истифодаи захираҳои маъданӣ, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои нав зарурати коркарди манбаъҳои ғайрианъанавии ашёи хомро муайян мекунад. Пажӯҳишгарон технологияҳои ҷудо кардани консентратҳои уран ва компонентҳои арзишманд аз маъданҳо ва партовҳоро меомӯзанд. Барои ҳифзи радиатсионӣ маводҳои композитсионӣ, аз қабили қатрони эпоксидӣ, портландсемент ва бетонҳои сулфурӣ истифода мешаванд. Таҳияи маводҳои нав бо хусусиятҳои мустаҳкам дар муқобили муҳитҳои хатарнок ва радиатсия мушкилоти муҳим аст. Маводҳои ояндадор, аз қабили композитҳо барои партовгоҳҳои уран ва панелҳои радиатсионӣ-ҳифозатӣ, дар тиб, сохтмон ва саноат истифода мешаванд.
Навгонӣ: Таҳияи схемаи технологии истихроҷи консентрати уран аз маъданҳо ва партовҳои Тоҷикистон. Мавзӯи илмӣ дар соли 2024 ба анҷом мерасад ва барои солҳои 2025-2029 идома меёбад, то натиҷаҳои фундаменталӣ ва амалӣ барои рушди саноатӣ ва аграрии Тоҷикистон ба даст ояд.
Мавзӯи 2: Баҳодиҳии радиоэкологӣ ва мониторинги радиатсионӣ дар экосистемаҳо дар мисоли Тоҷикистон, №0125TJ1657, (03.00.16 – экология)
Маълумоти мухтасар: Дар Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои уран дар асри ХХ партовгоҳҳои зиёд боқӣ мондаанд, ки барқарорсозии онҳо зарур аст. Бо дастгирии донорҳои байналмилалӣ арзёбии таъсири партовгоҳҳо ба муҳит ва асосноккунии техникию иқтисодии корҳои барқарорсозӣ анҷом мешавад. АА ХБРЯ и АМИТ мониторинги радиатсионӣ гузаронида, санадҳои меъёрӣ ва иҷозатномаҳо таҳия мекунад. Лоиҳаҳои қаблӣ (2005-2024) харитаҳои радиатсионии минтақаҳо ва мониторинги Муассисаи давлатии «Иншооти нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ» дар Файзободро анҷом доданд. Лоиҳаи нав мониторинги радиатсионӣ арзёбии радон, омӯзиши объектҳои хавфнок, таҳияи санадҳо, ченкунии радионуклидҳо ва назорати дозаҳои кормандонро дар бар мегирад. Харитаҳои радиоэкологӣ барои сохтмон ва вазоратҳо муҳиманд.
Навгонӣ: “Арзёбии радиоэкологӣ ва мониторинги радиатсионии экосистемаҳо дар мисоли Тоҷикистон» дар таҳияи санадҳои меъёрӣ барои мониторинги радиатсионии партовгоҳҳои уран ва эҷоди харитаҳои радиоэкологӣ бо назардошти радиатсияи табиӣ дар майдонҳои сохтмонӣ муҳим ва зарур мебошанд.
Мавзӯи 3: Арзёбии хавфи хатари биологӣ ва мониторинги бемориҳои фаромарзии зоонозӣ дар Тоҷикистон, №0125TJ1656, (05.26.06 – Бехатарии химиявӣ, биологӣ ва бактериологӣ)
Маълумоти мухтасар: Бемориҳои зоонозии фаомарзӣ (БЗФ) аз чорво, ҳайвоноти ваҳшӣ ва маҳсулоти онҳо паҳн мешаванд ва 60% бемориҳои сироятии инсон зоонозӣ буда, 75% бемориҳои нав аз зоонозҳо сарчашма мегиранд. Дар Тоҷикистон мониторинг ва мубориза бо БЗФ нокифоя аст. Тамоси наздик бо ҳайвоноти ваҳшӣ хатари паҳншавии БЗФ-ро зиёд мекунад. Пандемияи COVID-19 зарурати муқовимат бо таҳдидҳои биологиро нишон дод. Лоиҳа ба Стратегияи миллии рушд то 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мувофиқ буда, ҳадафи он ба ҳифзи санитарӣ, назорати сарҳадӣ ва таъмини бехатарии маҳсулот равона гардидааст.
Навгонӣ: Истифодаи системаи иттилооти ҷуғрофӣ барои намоиши паҳншавии бемориҳои зоонозии фаромарзӣ(БЗФ) ва таҳлили молекулавӣ-генетикӣ бо таҷҳизоти муосир барои муайян кардани омилҳои беморӣ.