Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Руйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани иҷозатнома


РӮЙХАТИ ҲУҶҶАТҲОИ АСОСӢ

  1. Нома ба номи директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (д.и.т., профессор муҳтарам Илҳом Мирсаидзода).
  2. Ариза барои гирифтани иҷозатнома оид ба намуди фаъолияти иҷозатномашаванда (намунаи ариза дар сомонаи www.cbrn.tj ҷойгир карда шудааст), ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:

Барои шахси ҳуқуқӣ:

  • номи ташкилот ва шакли ташкилию ҳуқуқии он;
  • суроғаи ҳуқуқӣ.

Барои соҳибкори инфиродӣ:

  • насаб, ном, номи падар;
  • маҳалли истиқомат;
  • маълумоти шиноснома;
  • рақам ва санаи додани шиноснома.

Барои шахси ҳуқуқӣ:

  • Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ (Оиннома ё Низомнома);
  • Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии довталаби иҷозатнома ҳамчун шахси ҳуқуқӣ.

Барои соҳибкори инфиродӣ:

  • Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шаҳрванд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ;
  • Нусхаи шаҳодатномаи ба қайди мақомоти андоз гузошташуда (РМА/ИНН);
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағ барои баррасии ариза ва додани иҷозатнома (4 ва 2 нишондиҳандаи ҳисобӣ бо нишон додани КОДИ 75).

РӮЙХАТИ ҲУҶҶАТҲОИ ИЛОВАГӢ

А) ФАЪОЛИЯТЕ, КИ БА МАНБАЪҲОИ НУРАНДОЗИИ ИОНИЗАТСИОНӢ (МАНБАЪҲОИ НУРАНДОЗӢ) АЛОҚАМАНД АСТ

  • Ваколатнома барои намояндагӣ аз номи довталаб;
  • Нусхаи фармон оид ба таъйини шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои нури ионизатсионӣ (гурӯҳҳои А ва Б) фаъолият мекунанд;
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузаштани омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;
  • Барномаи бехатарии радиатсионӣ;
  • Нусхаи нақшаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (садамавӣ).

Б) ФАЪОЛИЯТ БО ИСТИФОДАИ МОДДАҲОИ РАДИОАКТИВӢ

  • Хулосаи мусбати мақомоти хадамоти давлатии оташнишонӣ;
  • Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии моддаҳои радиоактивӣ;
  • Нусхаи шаҳодатномаи аккредитатсияи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ;
  • Ҳуҷҷате, ки имконияти бозпас фиристодани манбаъҳои нурро дар ҳолати воридот ё транзит, агар амалиёт ба анҷом нарасида бошад, тасдиқ мекунад;
  • Хулосаи мусбати тиббӣ оид ба солимии равонии иҷрокунандагони чунин намудҳои фаъолият;
  • Хулосаи мусбати мақомоти корҳои дохилӣ аз низоми иҷозатдиҳӣ;
  • Нусхаи фармон оид ба таъйини шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои нури ионизатсионӣ (гурӯҳҳои А ва Б) фаъолият мекунанд;
  • Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузаштани омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;
  • Барномаи бехатарии радиатсионӣ;
  • Нусхаи нақшаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (садамавӣ).

Барномаи бехатарии радиатсионӣ дар бар мегирад:

  • Нусхаи дастурамали вазифавии шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ;
  • Нусхаи дастурамалҳои бехатарии радиатсионӣ барои ҳар як ихтисос;
  • Протоколи назорати дозиметрии инфиродӣ;
  • Назорати дозиметрии ҷойҳои корӣ;
  • Протоколи назорати сифати таҷҳизот;
  • Барномаи таъмини сифат ва чорабиниҳо оид ба татбиқи он;
  • Таснифоти минтақаҳо ва тавсифи тартиби идоракунии онҳо;
  • Маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
  • Маълумот оид ба воситаҳои ҳифзи дастаҷамъӣ (мутобиқати бино, тирезаҳо, дарҳо, ғафсии деворҳо ва ғайра) ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ


Comodo SSL