Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Иҷозатномадиҳӣ

Шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳӣ

Шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти танзими ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. 





Вазифаҳои асосии шуъба 
Таҳия ва баррасии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳо, қарорҳои ҳукуматӣ, низомномаҳо, меъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ, дастурҳои марбут ба истифодаи бехатари манбаъҳои афканишоти ионофар, манбаъҳои радиоактивӣ ва технологияҳои ядроӣ.
Санадҳои мазкур ба талаботҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тавсияҳо ва талаботҳои Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), мутобиқ карда мешаванд.

 
Иҷозатномадиҳӣ
Шуъба ба фаъолиятҳои объектҳое, ки ба истифодаи манбаъҳои афканишоти ионофар ва маводи ядроӣ ва радиоактивӣ алоқаманданд, иҷозатнома пешниҳод мекунад. Гирифтани ин ҳуҷҷат ба ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла,  соҳаҳои тиб, саноат, ва дигар бахшҳо, ки дар фаъолияти худ манбаъҳои афканишоти ионофар ва маводҳои радиоактивӣ истифода мебаранд, ҳатмӣ мебошад. Назорати риояи шарту талаботҳои иҷозатнома ва таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар иншооти марбута низ аз вазифаҳои дигари ин шуъба ба ҳисоб меравад.
Шуъба дар ташкил ва баргузории мониторинги радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузорад, ки бо баҳодиҳии ҳолати радиатсионӣ дар муҳити зист ва иншоотҳои гуногуни минтақаҳо анҷом дода мешавад. 
Ҳамчунин, таҳлили хавфҳои радиатсионӣ ва таҳияи чораҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои марбут ба бехатарии радиатсионӣ, яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки шуъба унвон мегардад.
Ҳамзамон бо ин, шуъба дар ташкили дарсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои кормандони соҳаи тандурӯстӣ ва саноати мамлакат ки, дар фаъолияти худ манбаъҳои афканишоти ионофар ва моддаҳои радиоактивиро истифода мебаранд, баҳри баланд бардоштани сатҳи савияи донишу малакаи мутахассисон чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд.





Шуъба бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, бо Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ҳамкорӣ намуда, барои мутобиқсозии стандартҳои миллӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва табодули таҷриба мусоидат мекунад.
Иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ низ аз бахшҳои дигари фаъолияти шуъба ба ҳисоб меравад.


Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ