АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, мақоми маркази минтақавиро барои давлатҳои Осиёи Марказӣ расман сазовор шуд

27.01.2025

 

23 январи соли 2025 дар қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия маросими тантанавии супоридани лавҳа ба маркази минтақавии Тоҷикистон барои давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки он сатҳи баланди мутобиқати Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядрои (ХБРЯ)-ро ба талаботҳои АБНА инъикос менамояд. Дар асоси ин аккредитатсия, Марказ расман мақоми Маркази минтақавиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сазовор шуд.

 

Дар ин маросим, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия, намояндаи доимӣ дар САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳри Вена, Идибек Қаландар ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зафар Сафарализода, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони АБНА иштирок намуданд.

 

 

Аз байни 180 давлати узви АБНА чунин марказҳои минтақавӣ оид ба амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ танҳо дар 11 кишварҳои ҷаҳон фаъолият менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-умин кишваре гардид, ки дар он чунин марказ таъсис дода шудааст ва сазовари ин аккредитатсия гардид. Аз аккредитатсия гузаштани Марказ ва эътироф шудани он ҳамчун Маркази минтақавӣ дар як саф будани онро бо давлатҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Федератсияи Россия, Британияи Кабир, Ҷопон, Чин, Фаронса ва дигарон нишон медиҳад. 


Маркази минтақавии номбурда соли гузашта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани сатҳи амният ва тақвияти иқтидори илмии Тоҷикистон ва минтақа таъсис дода шудааст. 


Сазовор шудан ба мақоми минтақавӣ баъд аз ташрифи гурӯҳи коршиносони АБНА ба Тоҷикистон ва шиносоӣ бо мутахассисони марказ ва таҷҳизоти насбгардида, имконпазир гардид. Марказ тибқи талаботҳои АБНА аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби мақоми минтақавӣ гашт.

 

Эътироф намудани мақоми Маркази минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин рӯйдоди муҳимест, ки он имкониятҳои нави ҳамкориҳо бо шарикони рушд фароҳам меоварад. Айни замон, Марказ хизматрасониҳо, аз ҷумла омода намудани мутахассисон дар самти мазкур ва бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотиро на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои минтақа анҷом медиҳад. Илова бар ин, омӯзиши намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомӣ, таҳқиқот дар соҳаи криминалистикаи ядроӣ, амнияти биологӣ ва таҳлили химиявиро дар бар мегирад.

 

 

Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода дар суханронии худ қайд намуд, ки аккредитатсияи Марказ аз ҷониби АБНА ин натиҷаи меҳнати бисёрсола, дастгириҳои байналмилалӣ ва таваҷҷӯҳи нек ва шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Илҳом Мирсаидзода илова намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар ва Раиси шаҳри Душанбе ин Марказ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуд, ки он имконият медиҳад ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат намояд. Илҳом Мирсаидзода инчунин иброз дошт, ки Марказ занҷираи калидӣ дар таъмини амнияти минтақа ва ба рушди устувори Осиёи Марказӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

 

 

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода ба созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла АБНА барои дастгирӣ дар таъсиси Марказ изҳори миннатдорӣ намуда, дар масъалаи аҳамияти ҳамкории минбаъда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муштарак дар самти амнияти глобалӣ фикрҳои худро баён намуд. 

 

 

Маркази минтақавӣ фаъолияти худро ҳамчун платформа барои  баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, семинарҳо ва таҳқиқоти илмӣ, ки ба муқобили таҳдидҳои марбут ба маводҳои ХБРЯ нигаронида шудаанд, идома медиҳад. Иштирок дар ин маросим дар қароргоҳи АБНА аҳамияти эътирофи байналмилалии Марказ ва нақши Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи амнияти глобалӣ ва рушди устувор таъкид менамояд.