АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Тоҷикистон ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад

23.01.2025

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самаранокии онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ин соҳаро яке аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст. Ҳамин аст, ки масъалаи тағйирёбии иқлим имрӯз на натҳо коршиносони соҳа, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқа ҳаво ва ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ, инчунин ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодю иҷтимоии давлатҳо – ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ин мушкилот зҳоло ба яке аз масъалаҳои мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст. Дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ меандешад.


Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии СММ изҳор доштанд: « Солҳои охир офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоқикистон низ, ки 93 фисади қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоқикистон ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида, мутаасифона, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ мегарданд».


Лозим ба ёдоварист, ки тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиш ёфтани ҳаҷми оби дарёҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа арзёбӣ мегарданд, зиёда аз як ҳазори он пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст.


Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то 60 фисади манбаи ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Тоҷикистон бо вуҷуди доштани захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо, ба мушкилотҳои марбут ба обу иқлим пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.


Илова бар ин, 3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар сиғаи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси СММ-Об, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд. Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо таъсири тағирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо як қатор тадбирҳо ва барномаҳои миллиро қабул ва амалӣ намудааст. Дар ин барномаҳо, стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ворид карда шудаанд. 


Таъсиси "Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо як ташаббуси муфиди байналмилалӣ аст, ки бояд таваҷҷӯҳи умумии ҷаҳонӣ ба ин мушкилоти муҳими экологиро ҷалб карда шавад.


Дар робита ба захираҳои обӣ, бо вуҷуди доштани зиёда аз 1300 кӯл ва захираҳои обии минералӣ, масъалаи таъмини оби ошомиданӣ дар баъзе кишварҳо ҳоло як мушкилоти асосӣ табдил ёфтааст. Шумораи зиёди кишварҳои пешрафта, аз ҷумла ИМА, Олмон ва Арабистони Саудӣ, барои таъмини оби ошомиданӣ аз дигар кишварҳо вобастагӣ доранд. Ҳамзамон, бо шиддат тағйир ёфтани иқлим, арзиши об ҳамагӣ афзоиш хоҳад ёфт, ки метавонад ба иқтисодиёти кишварҳо таъсири манфӣ расонад.


Хулоса, тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо мушкилоти ҷиддии экологии ҷаҳон ва махсусан кишварҳои кӯҳистон, чун Тоҷикистон, мебошад. Мусоидат дар ҳифзи пиряхҳо, тағйироти дарозмуддат дар сиёсати обӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ метавонанд роҳи ҳалли ин мушкилотро нишон диҳанд. Хатари аслии обшавии пиряхҳо на танҳо ба кишварҳои кӯҳистон, балки ба тамоми ҷаҳон дахл дорад ва кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки дар ин масъала саҳмгузор бошанд.

 

Комрон Бобоев – доктор фалсафа (PhD),
 ходими калони илмии Агенти 
аминияти ХБРЯ-И АМИТ