АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар мавзӯи «Истифодаи энергияи атомӣ ва бехатарии радиатсионӣ бо мақсадҳои осоишта», семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид

23.01.2025

 

22 январи соли 2025 дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Истифодаи энергияи атомӣ ва бехатарии радиатсионӣ бо мақсадҳои осоишта» ва омодагӣ ба Конфреренсияи ба нақшагирифтаишудаи моҳи апрели соли равон зери унвони «Дурнамои истифодаи технологияи ядроӣ бо мақсадҳои осоишта ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ», ки он бо ташаббуси Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ҳамкорӣ бо “Иттиҳоди байналмилалии собиқадорони нерӯи атомӣ ва саноат” дар Душанбе баргузор мегардад, семинари илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. 

 

Семинари мазкур таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардида, дар он унвонҷӯён ва ходимони ҷавони илмӣ аз Агентӣ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд. 

 

 

Зимни ифтитоҳи семинар академики АМИТ, Улмас Мирсаидов дар мавзӯи «Истифодаи энергияи атомӣ ва бехатарии радиатсионӣ бо мақсадҳои осоишта», баромад намуд. Зикр гардид, ки мавзуъҳои ҳамкории дар самти татбиқи технологияи ҳастаӣ дар соҳаи тиб,  махсусан саратоншиносӣ, эрозияи хок ва радионуклидҳо барои муайян намудани  бемориҳои сил дар ҳайвонот ва дигар мавзуҳои вобаста ба шуъбаи ҳамкориҳои техникии АБНА ба роҳ монда шуда, истифода бурда мешавад.

 

 

Дар идома,  академик Улмас Мирсаидов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба навиштани мақолаҳои илмӣ, ки дар ҳамкорӣ бо бахши техикиии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), дар ҷумҳурӣ татбиқ гардидаанд, ҷалб намуд.