АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
04.10.2024
4-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нӯҳ моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, Илҳом Мирсаидзода, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳо ва директорони Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст директори Агентӣ, Илҳом Мирсаидзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2024 ҳисобот дода, натиҷаҳои илми- таҳқиқотӣ зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, дар ин давра аз ҷониби ходимони Агентӣ 2 монография, таҳия гардида, 43 мақолаи илмию оммавӣ ба нашр расид.
Инчунин, дар нӯҳ моҳи сипаришуда ба як нафар унвони Профессорӣ дода шуда, 3 нафар номзадӣ ҳимоя намуданд.
Дар умум фаъолияти Агентӣ дар нӯҳ моҳи соли равон аз ҷониби Президенти АМИТ самарбахш арзёбӣ гардид.
Дар интиҳои маҷлис, ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохурӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли равон баргузор гардид, аз ходимон ва олимони ҷавони Агентӣ даъват намуданд, ки ҳарчи бештар дар пешрафти иқтисодиёт, павасти илм бо истеҳсолот ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳмгузор бошанд.
Инчунин ба ходимон ва олимони ҷавони Агентӣ тавсия дода шуд, ки ҳарчи бештар дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷумла “Илм фуруғи маърифат” иштрок намуда, донишу маҳорати худро сайқал диҳанд.