Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Низомнома

Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»

дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Бахши миллии "Хонуми ядроӣ" (WiN Tajikistan) аз феврали соли 2021 ҷузъи WiN Global буда (https://win-global.org/chapter/tajikistan/), дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ номида мешавад) фаъолият мекунад.  

Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ташкилоти ҷамъиятие мебошад, ки занони мутахассисеро, ки дар соҳаи ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани энергияи атом, дар соҳаи бехатарии химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин дар соҳаҳои маданию иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ кор мекунанд, муттаҳид менамояд. Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» 8 марти соли 2020 бо ташаббуси директори Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ Илҳом Мирсаидзода бо мақсади баланд бардоштани нақши бонувони мутахассис дар соҳаҳои илмӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти маданӣ таъсис дода шуд. 

 

Муқаррароти умумӣ
Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» дар назди Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ( Қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ») фаъолият мекунад, занони фаъолро муттаҳид менамояд, ки дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолият мекунанд.


Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ, худидоракунанда, ғайритиҷоратӣ ва мустақил буда, ба иштироки фаъолонаи занон дар фаъолияти ҷамъиятӣ, илмӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо тарафдории баробарии гендерӣ мусоидат мекунад ва масъалаҳои муҳими илмӣ ва ҷамъиятиро ба миён мегузорад.


Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» фаъолияти худро дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ; озодона муайян кардани сохти дохилии он, шаклу усулҳои корӣ он роҳандозӣ менамояд. Директори Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ ба фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҳамаҷониба  дастгирӣ менамояд.


Шакли асосии қабули қарор  дар маҷлиси умумӣ ва қарори президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» муқаррар мегардад.


Забонҳои корӣ:  тоҷикӣ,  русӣ, англисӣ.


Фаъолиятҳои асосӣ инҳоянд:

  •  фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занон дар илм, фарҳанг ва фаъолияти ҷамъиятӣ;
  •  таҳкими нуфузи занон дар ҷомеа;
  •  мусоидат ба занони мутахассис дар болоравии касбӣ ва такмили мансаб;
  • мусоидат ба табодули дониш ва таҷриба;
  • ташвиқ намудани шавқу рағбат ба илм, аз ҷумла технологияи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва ғайра, махсусан дар байни занон ва ҷавонон;
  • ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ;
  • таҳкими ҳувияти миллӣ ва маънавӣ.


Сохтори бахши миллии «Хонуми ядроӣ»


Роҳбарии умумӣ ва назорат дар фаъолияти Бахши миллии  «Хонуми ядроӣ»-ро президенти он ба ӯҳда дорад.


Президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-ро директори Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ таъин менамояд.


Ноиби президент бо роҳи овоздиҳии кушоди иштирокчиёни  дар маҷлиси умумии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ба муҳлати ду сол интихоб карда мешавад.


Котиби матбуотро президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» таъин мекунад.


Президент ва ноиби президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»:

  • ташкили фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»;
  • тартиб додани нақшаи солонаи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»;
  • дар платформаҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ манфиатҳои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-ро намояндагӣ мекунанд;
  • дар бораи кори иҷрошуда ҳисобот медиҳад.


 Котиби матбуоти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»:

  • маводи иттилоотӣ, аз ҷумла расм ва наворҳоро дар бораи чорабиниҳои гузаронидашуда омода мекунад;
  • маълумотро дар бораи чорабиниҳои баргузоршуда дар вебсайт ва шабакаҳои иҷтимоии Бахши миллии "Хонуми ядроӣ" ҷойгир мекунад.


 Тартиби аъзо шудан ба Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»

Дар Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҳамаи занони хоҳишманд аз институтҳои тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, аъзо шаванд. 

Баҳисобгирии кори Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»


1. Ҳамоҳангсозии фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» аз ҷониби Президент амалӣ карда мешавад;


2. Нақшаи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҳамасола на дертар аз 15 январ тартиб дода шуда, бо директори Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ мувофиқа карда мешавад;


3. Президент ҳисоботи солонаро дар ҷаласаи ҷамъбастии солона пешниҳод мекунад.


Ҳуҷҷатҳои бақайдгирии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»:


1. Нақшаи фаъолияти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»;


2. Протоколи маҷлисҳои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»;


3. Рӯйхати иштирокчиёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»;


4. Ҳисобот дар бораи кори иҷрошуда.

Маблағгузорӣ


Бахши миллии "Хонуми ядроӣ" бо дастгирии молиявии Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ  кору фаъолият менамояд.