Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Дар бораи мо

Маълумоти танзимкунандаи давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ Агентӣ оид ба бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назди Академияи Миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (минбаъд — Танзимкунандаи давлатӣ), ки сиёсати ягонаи давлатиро амалӣ менамояд.

1 ноябри соли 2001 Тоҷикистон узви МАГАТЭ шуд ва зарурати ташкили сохтори танзимкунӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ пайдо гардид.

Барои амалигардонии қарори Ҳукумати ҶТ № 3594 (16.1-2) аз 18 сентябри соли 2002, аввал Агентӣ оид ба энержии атомӣ дар ҳайати Президиуми АМИТ ташкил ёфт, сипас дар асоси он Агентӣ оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АЯРБ АИ ҶТ) ҳамчун шуъбаи сохтории Академияи илмҳои ҶТ таъсис ёфт (қарори Президиуми Академияи илмҳои ҶТ № 112 аз 25.12.2002).

Соли 2003 тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентиро оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти танзимкунандаи кишвар муайян намуд, ки сиёсати ягонаи давлатииро амалӣ намуда, корро бо дигар мақомоти ваколатдор ҳамоҳанг месозад.

Тибқи қарори Маҷлиси Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон № 117 аз 5 ноябри соли 2021 номгузории Агентӣ оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон ба Агентӣ оид ба бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон иваз гардид (минбаъд Агентӣ номида мешавад).

Дар фаъолияти худ Агентӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи истифодаи энержии атомӣ», «Дар бораи Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон», «Дар бораи муомила бо партови радиоактивӣ», «Дар бораи таъмини бехатарии биологӣ ва ҳифзи биологӣ», фармонҳои Президенти ҶТ, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, қарорҳо ва супоришҳои Ҳукумати ҶТ, қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби танзими давлатии соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ», Низомномаи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ барои намудҳои муайяни фаъолият, Низомномаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, Устави Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон, Устави Агентӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва санадҳое, ки фаъолияти Агентиро танзим менамоянд, мутобиқат мекунад.

Қарорҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тартиби танзими давлатии соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ» талаб менамояд, ки Агентӣ ҳар сол ҳисобот ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод намояд.

Бар асоси қарорҳои Ҳукумати ҶТ №133 ва №134 аз 29 марти соли 2019 Агентӣ ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба иҷрои Конвенсияи манъ кардани таҳия, истеҳсол, ҷамъоварӣ ва истифодаи силоҳи кимиёвӣ ва нобудсозии он, инчунин иҷрои Конвенсияи манъи таҳия, истеҳсол ва ҷамъоварии захираҳои силоҳи бактериявӣ (биологӣ), токсинӣ ва нобудсозии онҳо ва инчунин таъйини координатори миллӣ оид ба таъмини бехатарии кимиёвӣ ва биологӣ амалӣ гардид.

Агентӣ хизматрасониҳо вобаста ба таҳлили радионуклиди намунаҳои об, хок, ҳаво, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маводҳо, гузаронидани дозиметрияи ҷойҳои корӣ, назорати сифати таҷҳизоти рентгенӣ, дозиметрияи инфиродии кормандон, санҷиш ва калибркунии асбобҳои дозиметриро, ки дар шуъбаи таҳқиқоти илмии хидмати дастгирии техники иҷро мешавад, таъмин менамояд ва омӯзиш дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, ташхиси криминалистии ядроӣ ва дигарро ба роҳ мемонад.

Барои иҷрои вазифаҳои ба уҳдааш гузошташуда, Агентӣ бо вазоратҳо, идораҳо ва муассисаҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда, тадбирҳои заруриро барои риояи меъёрҳои бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.

Агентӣ талаботро оид ба татбиқи принсипҳои ҳифзи радиатсионӣ барои ҳама ҳолатҳои тобеъи таъсири радиатсионӣ муқаррар менамояд:

  • Дар ҳолатҳои таъсири барномарезишуда ҳар тарафе, ки барои ҳифз ва бехатарӣ масъул аст ва нисбати он талаботи дахлдор татбиқ мешаванд, ягон амалҳои амалии беасосро анҷом намедиҳад;

  • Дар ҳолатҳои таъсири фавқулодда ва таъсири мавҷуда ҳар тарафе, ки барои ҳифз ва бехатарӣ масъул аст, амалҳои ҳифзӣ ё барқарорсозандаро бо сабабнокӣ таъмин менамояд ва онҳоро бо мақсадҳои стратегияи ҳифз мувофиқ амалӣ мекунад;

  • Дар ҳама ҳолатҳои таъсири радиатсионӣ ҳар тарафе, ки барои ҳифз ва бехатарӣ масъул аст, оптимизатсияи ҳифз ва бехатариро таъмин менамояд;

  • Дар ҳолатҳои таъсири барномарезишуда, ҷуз таъсири тиббӣ, ҳар тарафе, ки барои ҳифз ва бехатарӣ масъул аст, бояд ҳадди дозаи муқарраршударо риоя намояд.

Агентӣ системаи танзимиро барои таъмини ҳифз ва бехатарӣ ташкил медиҳад, ки аз ҷумла иборат аст аз:

  • Амалӣ намудани раванди иҷозатномадиҳӣ;

  • Баррасӣ ва арзёбии иншоот ва фаъолиятҳо;

  • Санҷиши фаъолиятҳои истифодабарандагони маводи ядроӣ ва манбаъҳои шиддати ионӣ;

  • Амалӣ намудани чораҳои маҷбурӣ нисбати истифодабарандагони маводи ядроӣ ва манбаъҳои шиддати ионӣ;

  • Таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;

  • Таъмини иттилоот ва машварат ба ҷонибҳои манфиатдор ва аҳолӣ.

Агентӣ чораҳои заруриро барои нигоҳдорӣ, ҳифз ва ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба иншоот ва фаъолиятҳо таъмин менамояд. Ин ҳуҷҷатҳо иборатанд аз:

  • Реестри давлатӣ оид ба ҳисоббарории маводи ядроӣ ва манбаъҳои радиатсионӣ;

  • Реестри таълими касбии кормандоне, ки бо манбаъҳои радиатсионӣ кор мекунанд;

  • Идоракунии донишҳо дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;

  • Журнали гузоришҳо оид ба садамаҳои радиатсионӣ;

  • Реестри давлатии партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроӣ;

  • Кадастри давлатии анборҳои партовҳои радиоактивӣ.