Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Яке аз самтҳои асосӣ дар фаъолияти Агентӣ - ин ҳамоҳангсозии корҳо бо ташкилоти байналмилалӣ ба шумор меравад. Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ бо як қатор ташкилоти байналмилалӣ ҳамкории зич дорад, аз он ҷумла:
ҲАМКОРӢ БО АБНА

Пас аз он, ки дар соли 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Агентии байналмиллалӣ оид ба энергияи атом (АБНА) гардид, зиёда аз 20 лоиҳаҳои миллӣ дар кишвар татбиқ карда шу два 3 лоиҳа барои солҳои 2018-2019 пешниҳод карда шудааст. Ҳашт лоиҳаҳо ба итмом расида, лоиҳаҳои дигар дар марҳилаи охир қарор доранд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 40 лоиҳаҳои минтақавӣ иштирок менамояд, ки 20-тои онҳо ба итмом расидаанд ва боқимонда бошад татбиқ гардида истодаанд.
Истифодабарандагони лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ дар Тоҷикистон муассисаҳои тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва ғайра мебошанд.
ҲАМКОРӢ БО ФЕДЕРАТСИЯИ РУССИЯ ВА ДИГАР ДАВЛАТҲОИ СДМ

Агентӣ ҳамкории хубро бо Федератсияи Руссия ва дигар давлатҳои СДМ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба роҳ мондааст.
Дар доираи амалишавии Барномаи чорчӯбавии ҳамкорӣ бо аъзо-давлатҳои СДМ дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта то солҳои 2020 «ҲАМКОРИИ «АТОМ-СДМ» ва бо назардошти масъалаи муҳими солимгардонии партовгоҳҳои саноати урании Шимоли Тоҷикистон, ҳамкорони мо дар амалишавии Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ «Солимгардонии ҳудудҳое, ки аз саноати истеҳсоли уран осеб дидаанд», иштироки фаъол меварзанд.
Мутахассисони зиёди ҷавон аз муассисаҳои гуногун мунтазам давраҳои омӯзишӣ оид ба омодагии касбӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос дар соҳаи истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои осоишта барои аъзо-давлатҳои СДМ дар ДМҲТ МИФИ, ҷараёни байналмиллалии маориф дар форумҳои ҳарсолаи байналмиллалии «ФОРСАЖ» ва инчунин дар соҳаи физикаи радиатсионӣ барои физикҳои тиббӣ, саратоншиносони радиатсионӣ ва рентгенологҳо дар маркази илмии саратоншиносии Руссия ба номи Н.Н.Блохина дар асоси лоиҳаҳои омӮзишӣ, иштирок меварзанд. Инчунин мутахассисони ҷавони мо, олимон ва аспирантҳо дар мактаб-интернет, ки ташкилкунандаи он Копоратсияи давлатии «РОСАТОМ» ва донишгоҳи миллии ҳастаии тадқикотӣ «МИФИ» мебошад, таҳсил мекунанд.
Зиёда аз 18 мутахассисони ҷавони Агентии мо дар магистратураи Донишгоҳи байналмиллалии экологӣ ба номи А.Д.Сахаров дар шаҳри Мински Беларус таҳсил намудаанд. Айни замон низ (сс.2016-2017) ду корманди мо дар магистратураи дар боло номбурдашуда таҳсил карда истодаанд.
Агентии мо дар соҳаи таҳияи санадҳои меъёрию-ҳуқукӣ ва меъёрию-техникӣ ва ҳамоҳангкунии онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ, дар баробари ҳамкории худ бо АБНА, инчунин ҳамкории хубро бо Мақомотҳои танзимгари аъзо-давлатҳои СМД ба роҳондааст.
ҲАМКОРИҲО БО ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

Комиссияи танзимкунии ядроӣ
Ду лоиҳа амалӣ гаштааст. Лоиҳа оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, бо мақсади такмил додан ва ҳамоҳангсозӣ он бо стандартҳои байналмиллалии АБНА дар ин соҳа.
Лоиҳа оид ба гузаронидани бақайдгирии ҳамаи манбаъҳои афканишоти ионофар ва моддаҳои радиоактив дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷамъ овардани маълумот оиди мавҷудияти кулли манбаъҳои радиоактивӣ дар ҷумҳурӣ. Базаи маълумотии RASOD (Regulatory Authority Software Database) таъсис дода шудааст, ки ба он ҳамаи маълумотҳои аз 4 минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварда ҷой карда шудааст.
ДЕПАРТАМЕНТИ ЭНЕРГЕТИКА

Лоиҳаҳои зерин амалӣ гаштаанд:
- Кофтукоб ва гӯронидани манбаъҳои радиоактивии бесоҳиб, бо мақсади дарёфт намудани манбаъҳои партофташуда, ки берун аз назорати танзимӣ мебошанд. Дар натиҷа зиёда аз 500 манбаъҳои радиоактивӣ дар шимоли Тоҷикистон дарёфт карда шуданд, ки онҳо ба Нуқтаи Ҷумҳуриявии Гӯронидани Партовҳои Радиоактивӣ (НҶГПР) ба шаҳраки/ноҳияи Файзобод интиқол дода шуданд. Инчунин 178 манбаъҳои радиоактивӣ дар қисмати ҷанубӣ ва 76 манбаъҳои радиоактивии дигар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (ШНТМ) дарёфт карда шуданд. Дар шарқи ҷумҳурӣ, яъне Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) манбаъҳои радиоактивии бесоҳиб дарёфт нашудаанд. Гуфтушунидҳо оид ба масъалаи ҳамлу нақли манбаъҳои бесоҳиб ба НҶГПР, ки қаблан дар ҷануб ва ШНТМ дарёфт шудаанд, идома ёфта истодааст.
- Муҳофизати ҷисмии 3 объектҳо аз қабилӣ НҶГПР, Муассисаи давлатии «Маркази илмии саратоншиноӣ» ва Гамма-лаборатория Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, ки он ҷо партовҳои радиоактиви фаъолнокиашон баланд, нигоҳ дошта мешаванд, таъмин карда шудааст,
- Лоиҳа оид ба пайваст намудани объектҳои қаблан зикршуда ба пулти идоракунии посбонии Вазорати Корҳои Дохила.
- Якчанд курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо гузаронида шуда буд.
ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА БО КОМИССИЯИ АВРУПО ВА ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ
ИТТИҲОДИ АВРУПО
- КОМИССИЯИ АВРУПО
Лоиҳаҳои зерин амалӣ гаштаанд:
Лоиҳаи T09.
Мақсади асосии лоиҳа ин муқобилият ба таҳдидҳои терроризми ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад. Лоиҳа барои дастгирии идораҳои мувофиқи Тоҷикистон, ки дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд, равона карда шуда буд.
Баҳодиҳии ҳамаҷонибаи муҳити атроф ва асосноккунии техникию иқтисодии объектҳои Деҳмой ва Табошар
Ин лоиҳаҳо манзараи муфассали ҳолати объектҳои Деҳмой ва Истиқлолро (қаблан Табошар) пешкаш менамоянд ва маълумоти бадастомада барои қабули қарор оид ба усули корҳои солимгардонӣ дар объектҳои зерин асос мешаванд.
Насби иншооти обтозакунӣ барои тоза намудани обҳои аз уран ифлосгаштаи объекти Табошар MC4.02/13 (A)
Мақсадҳои лоиҳа инҳо мебошанд:
- Омода намудани дизайн/тарҳ ва нақшаи технологии иншооте, ки барои тоза кардани обҳои аз уран ифлосгаштаи объекти Истиқлол (қаблан Табошар) пешбинӣ шудааст;
- Бурдарасонӣ ва насби иншооти обтозакунӣ дар ш. Истиқлол (қаблан Табошар).
НОРВЕГИЯ
- Лоиҳа оид ба мустаҳкам намудани инфрасохтори мақоми танзимгари Тоҷикистон дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ аз фаъолияти қаблии саноати уранӣ амалӣ гаштааст. Лоиҳа ба таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мувофиқ, талаботҳои танзимгарӣ оид ба таъмини муҳофизати кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист ҳангоми банақшагирӣ ва гузаронидани корҳо бо партовҳои радиоактивӣ равона шуда буд.
-
БРИТАНИЯИ КАБИР
Лоиҳа оид ба модернизатсияи Нуқтаи Ҷумҳуриявии Гӯронидани Партовҳои Радиоактивӣ (НҶГПР) бо воситаи сохтмони бинои нав барои РИТЭГҳо, сохтмони бинои нав барои муҳофизон (Пулти идоракунии марказӣ ПИМ), девор кашидани минтақаи назоратӣ бо девори бетонӣ, гузаронидани хати (сурхи) алоҳидаи барқ, гузаронидани хати алоҳидаи обтаъминкунӣ, ҷиҳозонидани элементҳои муҳофизати ҷисмӣ дар тамоми гирду атрофи минтақаи назоратӣ (камераҳо, санҷандаи ҳаракат, санҷандаи инфрасурх ва микромавҷҳо ва ғайра), ҷиҳозонидани генератор ҳангоми хомӯш шудани қувваи барқ ва якчанд навигариҳои дигар.
ҲАМКОРИҲО БО МИТБ (МНТЦ)
Лоиҳа оид ба таҳияи асосҳои технологии коркарди партовҳои саноати урании Тоҷикистон. Мақсади лоиҳа таҳия намудани нақшаи принсипалию технологии коркарди партовҳои саноати уранӣ, барои ба даст овардани оксиди уран (U3O8) мебошад.
Лоиҳа ба муҳайё кардани шароит барои дигар намудани мавқеи олимоне, ки ба тайёр кардани маводҳо барои ин ё он маҳсулоти таиноти ҳарбию техникӣ машғуланд ва ҷалб намудани онҳо барои ҳалли масъалаҳое, ки бо таҳияи технологияи коркарди ашёи хоми минералӣ ва партовҳои саноатӣ алоқаманд аст, равона карда шудааст. Лоиҳа ба омӯзиши физикавию химиявии раванди коркарди партовҳои саноати урании Тоҷикистон бахшида шудааст.
ҲАМКОРИҲО БО БР СММ
Лоиҳаи МЗваБ/БРСММ «Мустаҳкам намудани координатсия барои таҳияи лоиҳаҳо ва мобилизатсияи захираҳо барои идоракунии устувори партовҳои радиоактивӣ дар Осиёи Марказӣ».
Мақсади лоиҳа дастгирӣ намудани Хукумати давлатҳои минтақа дар ташаккули ҷузвдони лоиҳаҳои (портфель проектов) мувофиқашуда мебошад, ки ба паст намудан ва/ё нарм намудани ҷанбаъҳои гуногуни таъсири партовҳои радиоактивию токсикӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ равона карда шудааст.
Дар марҳилаи мазкур корҳо оид ба муайян кардани маҳак ва дар мувофиқа бо онҳо аз байн бурдани такрорёбӣ бо дигар донорҳо ва афзалиятнокии пешниҳодоти лоиҳавӣ, ки дар ҳуҷҷати Чаҳорчӯбавӣ дохил шудааст (Форуми Байналмиллалии сатҳи баланд, ш. Женева, Швейтсария, 29 июни соли 2009), гузаронида мешавад.