Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Қонунҳо

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ"

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ муайян намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии инсон, муҳити зист, молу мулк, таъмини низоми паҳн нагардидани силоҳи ҳастаӣ, таҳкими низоми байналмилалии бехатарии истифодаи энергияи атомӣ, амнияти ҳастаӣ, радиатсионӣ ва амнияти физикии ҳастаӣ равона шудааст.


ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, №1845

Қонун дастрас аст дар:





Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва ҳимояи биологӣ"

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ба агентҳо ва токсинҳои биологии таҳти назорат марбутанд, бо мақсади тақвияти низоми амнияти биологӣ ва ҳимояи биологӣ танзим менамояд.


ш. Душанбе, 29 январи соли 2021, №1759

Қонун дастрас аст дар:






Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо, тартиб ва тарзи баргузории онҳоро, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷишгузарро муқаррар намуда, ба ҳимояи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва таъмини фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷишшаванда, новобаста аз шакли моликият, нигаронида шудааст.


ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, №1269

Қонун дастрас аст дар:






Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содиротӣ»

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ба ташкили назорати содиротӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи назорати содиротӣ нисбат ба молҳо, технологияҳо ва барномаҳои дорои назорати содиротӣ вобастаанд, танзим менамояд.


ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014, №1168

Қонун дастрас аст дар:









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомила бо партовҳои радиоактивӣ»
Қонуни мазкур муносибатҳоро, ки ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ вобаста ба муомила бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманданд, инчунин бо таъмини ҳимояи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зарарноки партовҳои радиоактивӣ, танзим менамояд.


ш. Душанбе, 22 июли соли 2013, №1002

Қонун дастрас аст дар:










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмин намудани рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолати ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими қонуният, пешгирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологии мамлакат равона карда шудааст.

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011, №760

Қонун дастрас аст дар:









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳии баъзе намудҳои фаъолият»
Қонуни мазкур намудҳои фаъолияти иҷозатномавиро муайян намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома барои анҷом додани баъзе намудҳои фаъолиятро муқаррар мекунад ва ба таъмин намудани риояи стандартҳо ва талаботи тахассусӣ баҳри ҳифзи манфиатҳо ва амнияти шахс, ҷамъият ва давлат равона карда шудааст.

ш. Душанбе, 17 майи соли 2004, №37

Қонун дастрас аст дар:










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти радиатсионӣ»

Ҳадафи Қонуни мазкур танзими муносибатҳои марбут ба таъмини амнияти радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон, инчунин муҳити зист аз таъсири зарарноки шуоъафканиҳои ионикунанда мебошад.


ш. Душанбе, 1 августи соли 2003, № 42

Қонун дастрас аст дар: