Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ
Се мавзуи илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ барои солҳои 2025-2029:
Мавзуи 1: Хусусиятҳои истихроҷи консентрати уран ва дигар компонентҳои арзишнок аз маъданҳо ва партовҳои истеҳсолоти уран дар Тоҷикистон, № 0125TJ1658, (02.00.04 – химияи физикӣ)
Маълумоти мухтасар: Истифодаи захираҳои маъданӣ, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои нав зарурати коркарди манбаъҳои ғайрианъанавии ашёи хомро муайян мекунад. Пажӯҳишгарон технологияҳои ҷудо кардани консентратҳои уран ва компонентҳои арзишманд аз маъданҳо ва партовҳоро меомӯзанд. Барои ҳифзи радиатсионӣ маводҳои композитсионӣ, аз қабили қатрони эпоксидӣ, портландсемент ва бетонҳои сулфурӣ истифода мешаванд. Таҳияи маводҳои нав бо хусусиятҳои мустаҳкам дар муқобили муҳитҳои агресивӣ ва радиатсия мушкилоти муҳим аст. Маводҳои перспективӣ, аз қабили композитҳо барои партовгоҳҳои уран ва панелҳои радиатсионӣ-ҳифозатӣ, дар тиб, сохтмон ва саноат истифода мешаванд.
Навгонӣ: Таҳияи схемаи технологии истихроҷи консентрати уран аз маъданҳо ва партовҳои Тоҷикистон. Мавзӯи илмӣ дар соли 2024 ба анҷом мерасад ва барои солҳои 2025-2029 идома меёбад, то натиҷаҳои фундаменталӣ ва амалӣ барои рушди саноатӣ ва аграрии Тоҷикистон ба даст ояд.
Мавзуи 2: Баҳодиҳии радиоэкологӣ ва мониторинги радиатсионӣ дар экосистемаҳо дар мисоли Тоҷикистон, №0125TJ1657, (03.00.16 – экология)
Маълумоти мухтасар: Дар Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои уран дар асри ХХ партовгоҳҳои зиёд боқӣ мондаанд, ки барқарорсозии онҳо зарур аст. Бо дастгирии донорҳои байналмилалӣ арзёбии таъсири партовгоҳҳо ба муҳит ва ТЭО-и корҳои барқарорсозӣ анҷом мешавад. АХРЯ АМТ мониторинги радиатсионӣ гузаронида, санадҳои меъёрӣ ва иҷозатномаҳо таҳия мекунад. Лоиҳаҳои қаблӣ (2005-2024) харитаҳои радиатсионии минтақаҳо ва мониторинги ПЗРО-ро дар Файзобод анҷом доданд. Лоиҳаи нав мониторинги радиатсионӣ, радон, омӯзиши объектҳои хавфнок, таҳияи санадҳо, ченкунии радионуклидҳо ва назорати дозаҳои кормандонро дар бар мегирад. Харитаҳои радиоэкологӣ барои сохтмон ва вазоратҳо муҳиманд.
Навгонӣ: Арзёбии радиоэкологӣ ва мониторинги радиатсионии экосистемаҳо дар мисоли Тоҷикистон» дар таҳияи санадҳои меъёрӣ барои мониторинги радиатсионии партовгоҳҳои уран ва эҷоди харитаҳои радиоэкологӣ бо назардошти радиатсияи табиӣ дар майдонҳои сохтмонӣ муҳим ва зарур мебошанд.
Мавзуи 3: Арзёбии хавфи хатари биологӣ ва мониторинги бемориҳои фаромарзии зоонозӣ дар Тоҷикистон, №0125TJ1656, (05.26.06 – Бехатарии химиявӣ, биологӣ ва бактериологӣ)
Маълумоти мухтасар: Бемориҳои зоонозии трансграничӣ (ТЗБ) аз чорво, ҳайвоноти ваҳшӣ ва маҳсулоти онҳо паҳн мешаванд ва 60% бемориҳои сироятии инсон зоонозӣ буда, 75% бемориҳои нав аз зоонозҳо сарчашма мегиранд. Дар Тоҷикистон мониторинг ва мубориза бо ТЗБ нокифоя аст. Тамоси наздик бо ҳайвоноти ваҳшӣ хатари паҳншавии ТЗБ-ро зиёд мекунад. Пандемияи COVID-19 зарурати муқовимат бо таҳдидҳои биологиро нишон дод. Лоиҳа ба Стратегияи миллии рушд то 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мувофиқ буда, ҳадафи он ба ҳифзи санитарӣ, назорати сарҳадӣ ва таъмини бехатарии маҳсулот равона гардидааст.
Навгонӣ: Истифодаи ГИС барои намоиши паҳншавии ТЗБ ва таҳлили молекулавӣ-генетикӣ бо таҷҳизоти муосир барои муайян кардани омилҳои беморӣ.