Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Шуъбаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, интиқол, мониторинги радиатсионӣ ва калибровкакунии асбобҳои дозиметрӣ


Шуъбаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, интиқол, мониторинги радиатсионӣ ва калибровкакунии асбобҳои дозиметрӣ дар таъмини амният, дақиқӣ ва мувофиқат бо стандартҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Шууъба масъулиятҳои зеринро ба уҳда дорад:

- Шуъба раванди бехатар ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва нобудсозии партовҳои радиоактивиро идора мекунад. 

- Шуъба масъули ташкил ва назорати интиқоли бехавфи партовҳои радиоактивӣ ба маконҳои нигоҳдорӣ ё коркарди махсус мебошад. 

- Шуъба мониторинги доимии сатҳи радиатсияро дар муҳити корӣ ва атрофи он анҷом медиҳад. 

- Шуъбаи калибровкакунии асбобҳо масъули таъмини дақиқии асбобҳои дозиметрӣ ва дигар таҷҳизоти ченкунандаи радиатсия мебошад. 

- Мувофиқати асбобҳоро бо талаботҳои танзимӣ таъмин намуда, барои истеҳсоли маълумоти боэътимод ва нигоҳ доштани сифати кор мусоидат мекунад.



Фаъолиятҳои мазкур барои таъмини дақиқии ченкуниҳо дар таҳқиқот, истеҳсолот, назорати сифат ва муассисаҳои тиббӣ муҳим буда, ба нигоҳ доштани бехатарӣ ва сифати маҳсулот мусоидат мекунанд. Шуъба бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои танзимӣ амал намуда, дар таъмини амнияти радиатсионӣ ва пешгирии хатарҳои экологӣ саҳми арзанда мегузорад.


Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ