Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Дар бораи мо

Бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, бо ташаббуси директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Илҳом Мирсаидзода дар назди Агентӣ Ассотсиатсияи кор бо ҷавонони “Атом” ташкил карда шуд. Ки барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда амалӣ мегардад.


Вазифаи асосии Ассотсиатсияи мазкур ин амалӣ намудани ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстии ҷавонон. Хамчунин хисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».



Фаъолияти ассотсиатсия барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда амалӣ менамояд.
Мақсади асосии таъсис додани Ассотсиатсия ин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар илм, фарҳанг, варзиш ва фаъолияти иҷтимоӣ, тақвияти нуфузи ҷавонони лаёқатманд дар ҷомеа, мутобиқати рушди шахсият, таҳкими ҳувияти миллӣ ва маънавӣ.



Вазифаи асосии Ассотсиатсия ҷалби ҷавонони фаъол ба илм, фарҳанг, варзиш ва ҳаёти иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷавонон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои оилавӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстии ҷавонон.
Нерӯи созанда сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузоранд, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона доранд.



Ҷавонон баҳри пешрафти илм, инноватсия ва технология бояд саъю кушиш ба харҷ диҳанд то баҳри ободии кишвари азизамон саҳми арзандае гузоранд. Инчунин масъалаҳои мубрами рӯз ва мушкилиҳои дар илм ҷойдоштаро баррасӣ намуда, барои беҳсозии пешрафти илм ва ҳавасмандгардонии ҷавонон барои амалисозии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, ихтироотҳо, навгониҳои муфиди илмӣ амалӣ ва ғайра сафарбар гардонида шаванд.



Ҳамаи ҷавонон аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба таври ихтиёрӣ узви Ассотсиатсия гарданд.
Дар доираи фаъолияти Ассотсиатсияи ҷавонони “Атом” бо иштироки аъзоёни Ассотсиатсия маҳфилҳо бахшида ба рузҳои Президент, парчам, дониш, рузи китоб, рузи Истиқлолияти давлатии ҶТ, рузи Абу Абдуллоҳ Рудакӣ, рузи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, рузи забони давлатӣ, рузи Конститутсияи ҶТ ва ғайра ҷамомад баргузор намуда моҳият ва маҳзани ин рузҳо мулоҳиза мегардад.



Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ