Варақаи иттилоотӣ
Мавзӯъҳои Конференсия:
1. Мониторинги экологӣ ва арзёбии хатарҳо
Усулҳои назорат кардани ҳолати ҳавзҳои партов
Абзорҳои арзёбии хатарҳои экологӣ
Таҳлили ифлосшавии об, ҳаво ва хок
2. Таъсири радиатсионӣ ба муҳити зист
Паҳншавии радионуклидҳо дар экосистемаҳо
Моделсозии паҳншавии радиатсия
Системаҳои иттилооти географӣ (GIS) ва харитасозӣ
3. Ҳалҳои техникии идоракунӣ ва рекултиватсия
Технологияҳои муосири устуворгардонӣ ва муҳофизат
Мавод ва усулҳои инноватсионӣ барои ҳифз
4. Ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ
Арзёбии таъсир ба саломатии аҳолӣ
Танзимоти ҳуқуқиву меъёрӣ
Самаранокии иқтисодии чораҳои ҳифзи муҳити зист
5. Таҷрибаи байналмилалӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин
Таҳлили муқоисавии лоиҳаҳо аз кишварҳои гуногун
Ширкати ташкилотҳои байналмилалӣ ва интиқоли технологияҳои пешрафта
Ҳадафи асосии конференсия:
Баррасии дурнамоҳои истифодаи технологияҳои инноватсионӣ барои арзёбии таъсири ҳавзҳои партовҳои уран ба муҳити зист, усулҳои самараноки мониторинг, кам кардани хатарҳои экологӣ ва радиатсионӣ, таҳияи стратегияҳои устувори идоракунии ҳавзҳои партов, такмил додани асосҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани огоҳии ҷомеа оид ба масъалаҳои амнияти экологӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Ташкилкунандаи конференсия:
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҷойи баргузорӣ:
Вилояти Суғд, шаҳри Гулистон, Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон
Маълумот барои тамос:
734025, шаҳри Душанбе,
кӯчаи Рӯдакӣ 33
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 83 83
Факс: +992 37 227 38 38
Вебсайт: http://www.cbrn.tj
E-mail: conference@cbrn.tj
Забонҳои кории конференсия:
Тоҷикӣ
Русӣ
Муҳлати пешниҳоди маводи маърӯза: то 1 августи соли 2025
Маҷмӯаи маводи конференсия дар рӯзҳои баргузории он тақсим карда мешавад.