Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Маълумот дар бораи санҷиш

Сектори назорат вазифаи аввалиндараҷаи худ - гузаронидани санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидорро, ки зимни фаъолияташон манбаъҳои афканишоти  ионофарро истифода мебаранд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба истифодабарии энергияи атомӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомномаҳо «Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», инчунин меъёрҳо ва қоидаҳо: «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

Сектори назорат фаъолияти худро аз соли 2008, пас аз омода гардидан ва аз қайди давлатӣ гузаштани «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Номгуи саволҳои санҷишӣ», ки барои истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти ионофар дар соҳаҳои гуногун пешбинӣ шудаанд ва дар поён оварда шудаанд, амалӣ менамояд:

 

  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои ташхиси рентгенӣ ва томографияи компютерӣ;
  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ оид ба гузаронидани санҷиш ва истифодабарии дорувориҳои радиофармасевтӣ дар шӮъбаи тибби ядроӣ;
  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои муолиҷаи нурӣ, брахитерапия ва рентгенотерапия;
  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои саноатие, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд;
  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои радиографияи саноатӣ ва асбобҳои радиоизотопӣ;
  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои кор бо манбаъҳои радиоактивии кушода;
  • Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои афканишоти электронҳо


Қабл аз оғоз намудани санҷиш мувофиқи «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии  Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон» номгӯи саволҳои санҷишӣ вобаста ба намуди манбаи афканишоти ионофари истифошабаранда ба субекти хоҷагидор супорида мешавад ва санҷиш дар асоси номгӯи саволҳои санҷишии мазкур гузаронида мешавад.
Аз ҷониби кормандони сектори назорат ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳуҷраҳои рентгенӣ, назорати дозиметрии ҷойҳои корӣ ва назорати сифати дастгоҳҳои рентгенӣ гузаронида мешаванд, ки зимни он мувофиқат кардани нишондодҳои дастгоҳи рентгенӣ ба талаботҳо ва мувофиқати ҳуҷраҳои рентгенӣ ва воситаҳои муҳофизат ба талаботҳои бехатарии радиатсионӣ санҷида мешаванд. Инчунин, ҳангоми кор бо моддаҳои радиоактивӣ муайянкунии тавоноии дозаи афканишот дар масофаҳои гуногун, муайянкунии радионуклид - спектрометрияи пешакӣ ва дигар амалиётҳои ба манбаъҳои афканишоти ионофар вобаста анҷом дода мешаванд.
Ғайр аз ин кормандони сектори назорат дар чорабиниҳои гузаронидани мониторинги гамма фон ва ҷустуҷӯи манбаъҳои афканишоти бесоҳиб дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок варзидаанд. Дар асоси мониторинги гамма фон тардиб додани харитаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин кормандони сектори мазкур дар чорабиниҳои бақайдгирии манбаъҳои афканишоти ионофар дар ҳудуди ҷумҳурӣ иштирок варзидаанд, ки зимни он моддаҳои радиоактивии кушода ва пӯшида, дастгоҳҳои рентгенӣ ва маводҳои ядроӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Маълумотҳои мазкур дар ин бора ба базаи маълумотии RASOD ворид карда шудааст.
Умуман сектори назорат санҷиши фаъолияти истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти ионофар, мониторинги ҷойҳои корӣ, иҷроиши барномаи таъмини сифат, муҳофизати ҷисмии манбаъҳои афканишоти ионофар ва нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ, инчунин иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатномавиро дар объектҳои истифодабарандаи манбаҳои афканишоти ионофар мавриди санҷиш қарор медиҳад.