Маҷалла
Маҷаллаи соҳавии иттилоотӣ ва таҳлилии "Амнияти ХБРЯ" (Амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ) аз ҷониби Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҳар чол як маротиба ба нашр мерасад. Маҷаллаи мазкур ба масъалаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва амалии марбут ба бехатарии радиатсионӣ, амнияти ядроӣ, экологияи радиатсионӣ ва истихроҷи уран бахшида шудааст.
Маҷалла мавзӯъҳои муҳим, аз қабили мониторинги радиатсионии биомуҳит, таҳияи харитаҳои радиоэкологӣ, таҳқиқоти физикӣ-химиявии истихроҷи уран ва иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Қатъномаи 1540-и Шӯрои Амнияти СММ ва дигар навгониҳоро дар самти мазкур фаро мегирад. Он ҳамчун платформаи иттилоотӣ барои мутахассисон ва олимони соҳа хизмат мекунад ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи бехатарии ХБРЯ мусоидат менамояд.