Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Талабот ба муаллифон

ТАЛАБОТ БАРОИ ТАҲИЯИ МАВОДИ МАЪРУЗАҲО


Ҳаҷми маъруза набояд аз се саҳифа зиёд бошад (бо шумули адабиёт ва хулоса).


Андозаи саҳифа: A4 (21,0 × 29,7 см).


Ҳошияҳо:


аз тарафи чап — 2,5 см;


аз тарафи рост — 1,5 см;


аз боло ва поён — 2 см.


Ҳуруф:


барои забони тоҷикӣ — Times New Roman TJ;


барои забонҳои русӣ ва англисӣ — Times New Roman.


Андозаи ҳуруф:


матни асосӣ — 12 pt;


номи муаллифон — 14 pt.


Фосилаи байни сатрҳо — якҳуруфӣ (оддӣ).


Тарзи мутобиқсозии матн — баробаркунии сатрҳо бо канорҳо


Тарзи навиштани унвон ва маълумоти муаллифон:

Унвони мавод бо ҳуруфи калон (заглавными буквами).

Пас аз як сатр — номи муаллифон, номи ташкилот, шаҳр, почтаи электронӣ.

Пас аз ду сатр — матни маъруза оғоз меёбад.


Талабот нисбат ба расмҳо, ҷадвалҳо ва формулаҳо:

Ҳаҷми расмҳо ва ҷадвалҳо — на бештар аз 16×23 см.


Ҳамаи расмҳо, ҷадвалҳо ва формулаҳо бояд дар матн ишора (ссылка) дошта бошанд.

Адади даҳӣ (дроб) дар ҷадвалҳо бояд бо як шумораи муайян пас аз вергул пешниҳод шаванд.

Зернависи расм — зери расм, дар марказ, бо ҳарфи курсив (италик), 12 pt.

Зернависи ҷадвал — болои ҷадвал, тарафи рост, курсив, 12 pt.

Формулаҳо дар матн ҷой дода шаванд ва рақами онҳо дар тарафи рост бо қавсҳои гирд [( )] нишон дода шавад.

Бозкушоии формулаҳо бояд фавран баъд аз навиштан оварда шавад.

Ишораҳо (ссылки) дар матн — дар қавсҳои квадратӣ [ ].

Индексҳои боло ва поён бояд ҳангоми коҳиш додан то 50% хондашаванда бошанд.

Формати қабулшаванда:

Файли маъруза бояд дар формати .doc ё .docx (MS Word) пешниҳод шавад.


НАМУНАИ УНВОН ВА МУАЛЛИФОН:

МУШКИЛОТИ АЗНАВСОЗИИ ЗАХИРАГОҲҲОИ УРАН ДАР ТОҶИКИСТОН  

Б.Б. Баротов, Ф.А. Ҳамидов  

Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ,  

ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон  

e-mail: info@cbrn.tj


Хулоса ва калимаҳои калидӣ:

Агар мавод ба забони тоҷикӣ бошад, хулоса бояд ба ду забон — русӣ ва англисӣ пешниҳод шавад.

Ҳаҷми хулоса — на бештар аз 100 калима.

Калимаҳои калидӣ — на бештар аз 8 адад.


Адабиёт (манбаъҳо):

Тарзи таҳияи адабиёт бояд мувофиқи талаботи маҷаллаи ДНАНТ (Донишномаи илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) бошад.


Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ