Филиали АЯРБ дар вилояти Суғд
Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (АЯРБ) дар вилояти Суғд соли 2004 дар шаҳри Чкаловск бо ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ тибқи қарори Президиуми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №72 аз 15 сентябри соли 2004 таъсис дода шудааст. Ин филиал яке аз аввалин ва калонтарин филиалҳои АЯРБ ба ҳисоб меравад.
Самтҳои асосии фаъолияти филиали АЯРБ дар вилояти Суғд:
Санҷиши дубораи маълумотҳои пешниҳодкардаи иҷозатномадорон тавассути гузаронидани мониторинги радиатсионии муҳити зисти вилояти Суғд;
Омодасозии мавод барои иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолият оид ба истифодаи манбаъҳои ионизатсияи радиатсия (МИР) ва пешниҳоди онҳо ба дафтари марказӣ дар шаҳри Душанбе;
Ҳисобот, назорат ва инвентаризатсияи МИР дар ҳудуди вилояти Суғд;
Гузаронидани санҷишҳо ҷиҳати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои амнияти радиатсионӣ дар муассисаҳое, ки МИР-ро истифода мебаранд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии филиал
Филиали Агентӣ ҳамчунин ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ машғул аст. Филиал таҳқиқотро оид ба ҳолати экологӣ ва обҳои рӯизаминии вилояти Суғд, инчунин чораҳои ҳифзи аҳолӣ аз таъсири радиатсионӣ дар минтақаҳои партовҳои собиқ КВД «Фулузоти нодири тоҷик» (собиқ «Востокредмет») ва дигар самтҳо анҷом медиҳад.
Аз ҷониби кормандони филиали Агентӣ шиносномаҳои ҳамаи партовгоҳҳои урании шимоли Тоҷикистон таҳия карда шудаанд.
Аз ҷониби филиал ҳолати муҳандисӣ-геологӣ ва миқдори радионуклидҳо дар партовҳои радиоактивии партовгоҳҳои вилояти Суғд омӯзиш ва таҳқиқ шудааст.
Фаъолияти монандро инчунин дигар филиалҳои АЯРБ бо истиснои самти илмӣ-тадқиқотӣ амалӣ менамоянд. Дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, ки филиалҳои дигар бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин карда шаванд, то ки фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ низ дар онҳо ба роҳ монда шавад.