Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робита бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мебошад. Дар ин замина Агентӣ бо як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА), ҳамкории фаъол ва судмандро ба роҳ мондааст.
Ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА)
Ҳамкории Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар чанд самти муҳими стратегӣ амалӣ мегардад.
Таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
Агентӣ ҳамчун ҳамоҳангсози миллии ҳамкориҳо бо АБНА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, татбиқи лоиҳаҳои муштаракро оид ба таҳкими низоми бехатарӣ ва амнияти ядроӣ, таъмини ҳифзи радиатсионӣ, рушди инфрасохтори миллӣ ва пешгирии хавфҳои радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоҳанг месозад.
Ташхис ва табобати бемориҳои саратонӣ
Дар доираи лоиҳаҳои техникии TAD6007 ва TAD6008 аз ҷониби АБНА ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз ҷумла мизи томографияи компютерӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадоӣ ва таҷҳизоти рентгентерапевтӣ дастрас гардидааст.
Таҷҳизоти мазкур бо ҳамоҳангсозии Агентӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтӣ ва табобати бемориҳои саратонӣ мусоидат менамояд.
Омӯзиши пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим
Дар доираи лоиҳаи миллии TAD7004 Агентӣ бо АБНА ҷиҳати омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзёбии таъсири тағйирёбии иқлим бо истифода аз технологияҳои муосири ҳастаӣ ҳамкорӣ менамояд.
Тақвияти иқтидори кадрӣ
АБНА дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони тоҷик пайваста мусоидат менамояд. Мутахассисони Агентӣ ва дигар муассисаҳои ҷумҳурӣ дар курсҳои байналмилалӣ, семинарҳо, машғулиятҳои омӯзишӣ ва барномаҳои такмили ихтисос дар соҳаҳои бехатарии радиатсионӣ, технологияҳои ҳастаӣ, физикаи тиббӣ, саратоншиносӣ ва дигар самтҳои марбут иштирок менамоянд.
Иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ
Намояндагони Агентӣ мунтазам дар Конфронси генералии АБНА, ҷаласаҳои техникӣ, симпозиумҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ, амният ва кафолатҳои ҳастаӣ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалиро баррасӣ менамоянд.
Маркази ҳамкории минтақавӣ
Бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ Маркази бехатарӣ, амният ва кафолатҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун Маркази ҳамкории минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эътироф гардидааст. Ин дастовард мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалӣ дар соҳаи бехатарӣ ва амнияти ядроӣ боз ҳам таҳким мебахшад.
Дар маҷмӯъ, ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои рушди иқтидори илмӣ ва техникӣ, такмили низоми бехатарӣ ва амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дорад.