Иҷозатномадиҳӣ
Шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти танзим ва таъмини амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ нақши муҳим дорад.

Шуъба фаъолияти вобаста ба иҷозатномадиҳиро дар самти истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ ва технологияҳои ядроӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Низомномаи «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи қонунгузорӣ, риояи меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.
Дар давраи аз соли 2020 то соли 2025 аз ҷониби Шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳӣ ҳамагӣ 375 иҷозатнома ба субъектҳои хоҷагидор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои додашуда:
• 59 иҷозатнома – барои воридоти манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда);
• 15 иҷозатнома – барои фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва истифодаи моддаҳо (манбаъҳои) радиоактивӣ;
• 301 иҷозатнома – барои фаъолият вобаста ба истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда).
Ин нишондиҳанда аз фаъолияти мунтазам ва самараноки шуъба дар самти иҷозатномадиҳӣ, танзим ва назорати давлатӣ, инчунин таъмини истифодаи бехатар ва қонунии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, аз соли 2025 дар Агентӣ платформаи электронии «E-License» мавриди истифода қарор дода шуд. Платформаи мазкур барои рақамикунонии раванди иҷозатномадиҳӣ, содда намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, баланд бардоштани шаффофият, дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ ва коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ роҳандозӣ гардидааст.
Бо мақсади таъмини истифодаи самараноки платформаи «E-License», аз ҷониби шуъба мунтазам барои намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияти онҳо ба истифодаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивӣ вобаста мебошад, семинарҳои омӯзишӣ ва машваратӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон, тарзи истифодаи платформаи электронии «E-License» ба барномаи курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ ворид гардида, дар доираи машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба кормандони гурӯҳи «А»-и ташкилоту муассисаҳое, ки дар фаъолияти худ манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивиро истифода мебаранд, мунтазам омӯзонида мешавад.