Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ

Чораҳои маҷбурсозӣ

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРСОЗӢ

Чораҳои маҷбурсозӣ маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ ва маъмурие мебошанд, ки нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ядроӣ татбиқ карда мешаванд.

Мақсади асосии татбиқи чораҳои маҷбурсозӣ бартараф намудани қонунвайронкунӣ, пешгирии такроршавии он, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва кормандон, таъмини амнияти давлат ва пешгирии расонидани зарар ба муҳити зист мебошад.

Ҳангоми ошкор гардидани қонунвайронкунӣ, шуъба дар доираи ваколатҳои худ метавонад чораҳои зеринро татбиқ намояд:

додани дастур оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда;
талаб намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ;
тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
татбиқи ҷарима нисбат ба шахсони масъул;
муваққатан боздоштани амали иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
бозхонди иҷозатнома ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
рад намудани додани иҷозатнома;
маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияте, ки ба бехатарии радиатсионӣ таҳдид менамояд;
ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор мутобиқи қонунгузорӣ;
андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҷуброни зарари ба давлат расонидашуда.

Ваколатҳои шуъба инчунин санҷиши риояи талабот ва шартҳои иҷозатномадиҳӣ, пешбурди феҳристи иҷозатномаҳо, қабули огоҳиномаҳо ва татбиқи чораҳои ҷавобгарии маъмуриро дар бар мегиранд.

Дар солҳои 2024–2025 нисбат ба шахсони масъули 36 муассисаи тиббӣ, бинобар риоя нагардидани талаботи бехатарии радиатсионӣ, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Дар натиҷа, мутобиқи моддаи 124 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи умумии 549 000 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, маблағи мазкур ба буҷети давлатӣ ворид гардид.

Татбиқи чораҳои маҷбурсозӣ пеш аз ҳама хусусияти пешгирикунанда дошта, ба таъмини иҷрои ҳатмии талаботи қонунгузорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои радиатсионӣ равона гардидааст.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Мақоми танзимгари давлатӣ


Comodo SSL