Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ дар вилояти Суғд
10-уми августи соли 2024 аз ҷониби кормандони Филиали Агентии амнияти ХБРЯ – и АМИТ дар вилояти Суғд шанбегӣ гузаронида шуд. Дар рафти шанбегӣ корҳои нармкунии бехи дарахтон, гулу буттаҳо, тозаю озодана намудани ҷӯйборҳо, баровардани партовҳо ва рангубор намудани гирду атрофи бинои маъмурӣ ва гирду атрофи он ба анҷом расонида шуд.
Мақсади асосии ташкили шанбегиҳо тоза нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист ва хуррамгардонии ин гушаи зебоманзари шаҳр мебошад. Илова бар ин ҳайати кормандони Филиали Агентӣ, шоху баргҳои зиёдатии дарахтони ҳамешасабзи саҳни ҳавлии бинои маъмуриро ба тартиб дароварданд.
Бояд ёдовар шуд, ки мутобиқи нақшаи тасдиқгардида, корҳои созандагию ободкорӣ бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони Филиали Агентӣ мунтазам идома меёбад.
Ҳайати кормадони Филиали Агенти тасмим гирифтанд, ки бо мақсади таҷлил аз 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва шаҳрнишинӣ, дар хуррамгардонии шаҳри Бустон, минбаъд низ саҳми худро гузоранд.