Боздиди хонандагони Гимназияи кафолати №63 аз озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)”, ҳафтаи сипаригардида хонандагони Гимназияи кафолати №63 аз озмоишгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид, хонандагон бо фаъолияти озмоишгоҳҳои муосири & Агентӣ, ки бо таҷҳизоти пешрафта муҷаҳҳазанд, шинос шуданд. Ба онҳо дар бораи тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, радиатсия ва ядро маълумот дода шуд. Мутахассисони агентӣ аҳамияти фанҳои дақиқро дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ ва технологӣ, аз ҷумла омӯзиши уран, мониторинги радиатсионӣ ва таҳияи харитаҳои радиоэкологӣ, шарҳ доданд.