НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК
Бахшида ба даҳаи илми академӣ ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо санаи 8 апрели соли ҷорӣ бо ибтикори анҷумани Занони пиряхшиноси Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ ва олимзанони Агентии амнияти ХБРЯ АМИТ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар маҷлисгоҳи МДИ “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ семинари илмӣ дар мавзуи “Нақши занон дар рушди илми академии тоҷик” баргузор гардид. Дар давоми семинар мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ. н.и.с Дороншоева Н.Ш. дар мавзуи “Хатари обшавии пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он ба амнияти минтақа”, ходими илмии МДИ “Маркази омузиши пиряхҳои АМИТ” н.и.т. Камолова Д.А. дар мавзуи “Масъалаҳои баланд бардоштани саҳми занон ва бонувон дар соҳаи илмӣ пиряхшиносӣ”, котиби илми Агентии амнияти ХБРЯ Муминова М. дар мавзуи “Фаъолияти занони агенти дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқоти вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва радиоэкология” баромад нумуданд. Дар семинар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, саҳми кишвар дар ҳали масъалаҳои обу иқлим, хатари обшавии пиряхҳо, ва таҷрибаҳои занон дар рушди илмҳои криосфера ва ҳифзи муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.