Аудити АБНА: Ташриф ба муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар ва вохӯрӣ бо намояндагони ҳамоҳангсози миллӣ – Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Аудити АБНА: Ташриф ба муассисаҳои соҳаи тандурустии кишвар ва вохӯрӣ бо намояндагони ҳамоҳангсози миллӣ – Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Аз 24 то 28 феврали соли 2025, ҳайати намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар доираи барномаи аудити байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Ҳадафи ин сафар санҷиши фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки бо таҷҳизоти радиатсионӣ ва технологияҳои ядроӣ кор мекунанд, инчунин арзёбии риояи меъёрҳои амнияти радиатсионӣ дар ин муассисаҳо мебошад.
Дар ҷараёни сафар намояндагони АБНА аз якчанд муассисаи тиббӣ, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб баргузор карданд. Дар ин марказҳо таҷҳизоти муосири рентгении рақамӣ ва дигар дастгоҳҳои радиатсионӣ насб шудаанд, ки бо дастгирии АБНА ва ҳамоҳангии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) ба истифода дода шудаанд. Намояндагон ба кори дастгоҳҳои мазкур, шароити нигоҳдории онҳо ва омодагии кормандон баҳогузорӣ намуданд.
Дар идомаи сафар вохӯрии муҳим бо намояндагони ҳамоҳангсози миллӣ – Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ баргузор гардид. Дар ин мулоқот директори Агентӣ - Илҳом Мирсаидзода ва дигар масъулон иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минбаъда, таъмини амнияти радиатсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо АБНА-ро баррасӣ карданд.
Намояндагони АБНА аз ҷараёни корҳои анҷомшуда изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар самти истифодаи бехатар ва самараноки технологияҳои радиатсионӣ пешрафтҳои назаррас дорад. Онҳо ҳамчунин омодагии худро барои идомаи дастгирии техникӣ ва омӯзиши мутахассисон баён намуданд.
Ин ташриф дар пасманзари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими инфрасохтори тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тандурустӣ сурат гирифт. Аудити АБНА нишондиҳандаи муҳими эътимоди байналмилалӣ ба талошҳои Тоҷикистон дар ин самт маҳсуб меёбад.
Дар хотима аз ҷониби коршиносони баиналмилали вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо баланд дода шуд. Инчунин, иштирокдорони вохури аҳамияти ҳамкориҳои баиналмилалиро қаид намуда, изҳори итминон намуданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳбуди вазъи тандурустии кишвар, алалхусус дар самти ташхисию табобатии бемориҳои саратоншиноси нақши боризро мегузоранд.