Баргузории Конфернсияи байналмилалӣ оид ба истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва рбехатарии радиатсионӣ дар шаҳри Душанбе
Аз 22 то 24 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо “Иттифоқи байналмилалии собиқадорони энергияи атомӣ ва саноат”, таҳти унвони «Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» Конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Руссия, Муғулистон, Беларус ва дигар давлатҳо ҷамъ омада, масъалаҳои экологии технологияҳои ҳастаӣ, барқарорсозии объектҳои мероси ҳастаӣ ва рушди энергияи атомиро баррасӣ намуданд.
«Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Назорати бехатарии радиатсионӣ» ва «коркарди партовҳои радиоактивӣ ва дурнамои вобаста ба фаъолияти реакторҳои хурди атомӣ» аз мавзӯъҳои асосие мебошанд, ки дар ин Конференсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Конфронс дар Маркази минтақавии Агентии ХБРЯ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардида, дар доираи он гузоришҳои олимони пешқадам, мукофотонидани собиқадорони соҳа, мубоҳисаҳо ва қабули қатъномаи конфронс доир гардид.