Маросими расмии тақдимоти дастгоҳҳои замонавии рентгени рақами дар Маркази саратоншиносии шаҳри Кулоб
1 марти соли 2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази саратоншиносии шаҳри Кулоб"-и Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақами ва маммографияи замонави баргузор гардид. Дастгоҳҳои мазкур бо кумаки бевоситаи Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ҳамоҳангсозии миллии Агентии баиналмилалии неруи атоми (АБНА) дар Тоҷикистон мебошад, тақдим гардид.
Дар маросими тантанави муовини аввали директор, Матин Ахмедов ва Олимҷон Азизов, мудири шуъбаи муносибатҳои баиналмилали ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химияви, биологи, радиатсиони ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳаиси ердамчиени ҳамоҳангсози миллии Агентии баиналмилалии неруи атоми (АБНА) иштирок намуданд. Ҳамчунин, директори Маркази саратоншиносии шаҳри Кулоб, Ҳамза Мирзоев, мудири шуъбаи ташхисӣ, Навруз Холматов ва дигар мутахассисони касбии маркази мазкур дар ин чорабини ҳузур доштанд.
Дастгоҳи муосири рентгении рақами ва маммографияи замонави бо дастгирии АБНА ва ҳамоҳангии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ба Маркази саратоншиносии шаҳри Кулоб тақдим гардид. Матин Ахмедов дар суханронии худ таъкид намуд, ки таҷҳизотҳои мазкур имкон медиҳад, ки бемориҳои саратон дар марҳилаҳои аввал ошкор гардида, раванди табобати самараноки он таъмин карда шавад. Олимҷон Азизов қаид намуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Агентии баиналмилалии неруи атоми (АБНА) барои ҷори намудани технологияҳои навин дар соҳаи тандурусти ва омодагии мутахассисон нақши муҳим дорад.
Сардухтур Ҳамза Мирзоев чунин изҳор дошт: “Тақдими чунин таҷҳизотҳои замонави, ин як қадами муҳим дар роҳи муосиргардонии маркази мо ва беҳтар кардани саломатии сокинони минтақа аст.” – афзуд у.
Бояд қаид намуд, ки бо мусоидати Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, мутахассиси Маркази саратоншиносии шаҳри Кулоб Одинаев Сулаимон давоми як сол дар Маркази саратоншиносии Федератсияи Россия ба таҷрибаомузи фаро гирифта шуда, донишу малакаи аз худнамудаи худро аини замон дар ин марказ сарф намуда истодааст.
Тазаккур ба маврид аст, таъминоти марказҳои саратоншиноси бо таҷҳизоти замонави яке аз самтҳои афзалиятноки сиесати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки он зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон амали гардида истодааст. Дар солҳои охир ба марказҳои саратоншиносии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кулоб таҷҳизоти муосир дастрас шудааст, ки онҳо ба талаботи баиналмилали ҷавобгу мебошанд.
Иштирокчиен инчунин имконият паидо карданд, ки бо шароити нави ташхисӣ дар марказ шинос шаванд. Ин иқдом бори дигар аз таваҷҷуҳи хосаи давлат ба ҳифзи саломатии аҳоли ва рушди инфрасохтори тибби дар минтақаҳои гуногуни кишварро шаҳодат медиҳад.