ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД!
Боиси ифтихору фараҳмандист, ки дастгирии давлатии ташабусҳои неку дурандешонаи занону бонувон ва пуштибонӣ аз иқдомҳои шоистаи модарон дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақши занон таъкид намудаанд: «Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан – модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шавқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст».
Бузургдошти Рӯзи Модар дар кишвар аз таваҷҷӯҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ва арҷгузорӣ ба рисолати муқаддаси ин олиҳаи зиндагист, зеро модарону бонувони азизи мо дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Имрӯз дар замони пешрафти босуботи илму техника, марҳилаи ниҳоят мураккабу печидаи вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳузури созмону равияҳои ифротиву иртиҷоӣ нақш ва ҷойгоҳи занону модарони азизи мо дар тарбия ва камолоти насли соҳибхираду ватандӯст, хештаншиносу худогоҳ ва донишманду далеру зирак басо арзишманд мебошад.
Рӯзи Модар муборактарин рӯзест, ки хидмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои якшабаи Модар қатрае аз баҳрро мемонад. Ба таъбири шоири тавоно:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Аз ин нуқтаи назар ҷашн гирифтани рӯзи бошукӯҳи Модар ҳамчун рамзи гиромидошт, эътибору эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба мақом ва манзалати зан – модар офарандаи ҳаёти босаодати мо фарзандон мебошад.
Модар пайвандгари наслҳо, ноёбтарин неъмати дунё, сарчашмаи меҳру муҳаббат, чашмаи хушкнашавандаи башарият мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, аҳли башар бузургии ӯро беназир ситоиш намуда, ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд.
Рӯзи Модар идест, ки бо шарофати он сухан аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан – модар садо медиҳад. Агар аз рӯи мантиқ назар намоем, асли ин ҳама сифат дар тинати поки модар маҳфуз мебошад. Чунин аст, ки исми муқаддаси модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаънои зиндагии башарият қарор гирифтааст.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун кулли модарону бонувони иззатмандро ба ифтихори Рӯзи Модар, ки бо хуррамтарин айёми табиат, баҳори нозанин тавъам фаро мерасад, сидқан таҳният гуфта, барояшон беҳтарин хушиҳои умр, саодати рӯзгор, саломатии бардавом, комёбиҳо, хонаи обод ва ҳаёти пурнишотро таманно менамоем.
Адҳамов А., Назаров У. – кормандони Филиали
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд