“Ба даст овардани мавод аз пайвастагиҳои бордор барои муҳофизат аз нейтронҳо ва радионуклидҳо”. Таҳти ин унвони дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
5 марти соли 2025 ҷорӣ дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Ба даст овардани мавод аз пайвастагиҳои бордор барои муҳофизат аз нейтронҳо ва радионуклидҳо», семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Семинари илмӣ таҳти роҳбарии академики АМИТ, Улмас Мирсаидов баргузор гардид, ки дар он унвонҷӯён, ходимон ва олимони ҷавони илмӣ аз Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ва озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ иштирок намуданд.
Зимни семинари мазкур, ходими илмии озмоишгоҳи коркарди ашёи хоми минералии Институти химияи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ - Исозода Акрам вобаста ба тарзи ба даст овардани пайвастагиҳои хлори бордор ва аз маҳсулоти ҳосилшуда, мавод барои муҳофизат аз радионуклидҳо, ҳамзамон оид ба хлоронидани минералҳои алоҳидаи таркиби маъданҳои бордор маълумоти муфассал дар шакли монография маъруза намуд. Сипас, ходимон ва олимони ҷавони илмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ вобаста ба масъалаҳои мониторинги радионуклиди обҳои маъданӣ ва мавзеъҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
Дар интиҳои семинар мулоҳизарониҳои илмии гуногун дар мавзуҳои дар болозикргардида сурат гирифта, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.