ХУШХАБАР
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ, аз аккредитатсияи давлатӣ бомуваффақият гузашт. Тибқи қарори ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентӣ расман Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатиро Т-АД №2771 ба даст овард, ки он шаҳодати сатҳи баланди корҳои илмӣ-таҳқиқотии муассисаро инъикос менамояд.