«ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ ТАҲЛИЛИ ФИЗИКО-ХИМИЯВӢ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022-2026 – «Солҳои рушди саноат» ва гиромидошти хотири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Лутфулло Солиев дар мавзӯи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, устодону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар суханронии муқаддимавии худ дарҷ намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намудааст. Дар ин замина устод Л.Солиев, ки донишманди сермаҳсулу серкоре буданд ба тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ таваҷҷуҳи зиёд намуда, шогирдони ӯ имрӯз баҳри амалӣ намудани ин ҳадафи стратегии кишвар заҳмат кашида истодаанд.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар навбати хеш баён намуданд, ки осори бамеросмонда ва шогирдони тарбиякардаи устод Л.Солиев ифодагари он аст, номаш дар сафҳаи таърих ба таври ҳамешагӣ ҷовидона мемонад.
Сипас, дигар иштирокчиёни конференсия дар мавзуъҳои худ баромад намуда, дар охир миёни баромадкунандагон, олимон, мутахассисон ва иштирокчиёни конференсия дар мавзуи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
Конференсия дар 4 бахш идома намуда, беш аз 70 мақолаи илмӣ баҳри чопи маводи он пешниҳод гардид.