Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - тақозои замон
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, ки бо суръати баланд рушд мекунад ва бо тағйироти замон ҳамқадам мешавад, масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба яке аз мавзуъҳои муҳими рӯз табдил ёфтааст. Раванди мазкур бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар соли 2007 оғоз шуда буд, ҳадаф дорад, ки ҳам арзишҳои фарҳангии миллиро ҳифз кунад ва ҳам аз хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ ҷилавгирӣ намояд.
Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи Паёмҳо ва суханрониҳояшон мардумро ба эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон арзишҳое мебошанд, ки ҳар як шахс бояд онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, аз ҷумла дар айёми ид эҳтиром ва риоя намояд.
Имрӯз, қонуни музкур дар таҳрири нав, ки соли 2024 қабул гардид, бо назардошти талаботи замон такмил ёфтааст. Қонуни нав на танҳо ба ҳифзи анъанаҳои миллӣ, балки ба пешгирии хурофот, баланд бардоштани маънавиёти мардум ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолии кишвар нигаронида шудааст. Иқдоми мазкур аз ҷониби мардум ва коршиносон ҳамчун як тақозои зарурии давр арзёбӣ мешавад, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иқтисодӣ нигоҳ доштани мувозинат байни анъана ва пешрафт муҳим аст.
Масалан, яке аз ҳадафҳои асосии қонун коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути пешгирии хароҷоти беҳуда дар маросимҳои тӯй, азодорӣ ва дигар ҷашнҳо мебошад. Дар гузашта, рақобати бемантиқ ва тақлидкорӣ дар баргузории маъракаҳо боиси он шуда буд, ки бисёре аз оилаҳо ба мушкилоти молӣ дучор мешуданд. Бо ҷорӣ шудани меъёрҳои мушаххас, аз қабили маҳдуд кардани шумораи меҳмонон дар маъркаҳои идона ва муқаррар кардани тартиби муайян барои маросимҳои азодорӣ, мардум тадриҷан ба сарфаҷӯӣ ва зиндагии оқилона рӯ оварда истодаанд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки танзим на танҳо ба вазъи иқтисодии оилаҳо таъсири мусбат расонд, балки ба эҳёи расму оинҳои аслии миллӣ ва раҳоӣ аз анъанаҳои бегона мусоидат кард. Инчунин, бо гузашти вақт, мардум дарк намуданд, ки ҷашну маросимҳо бояд на барои намоиш, балки барои нигоҳ доштани ҳамбастагӣ ва арзишҳои маънавӣ хизмат кунанд.
Хулоса, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як зарурати иқтисодӣ, балки як қадами муҳим дар роҳи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва мутобиқ шудан ба талаботи замони муосир аст. Раванди мазкур нишон медиҳад, ки ҷомеаи тоҷик қодир аст бо ҳифзи мероси ғании худ ба сӯи пешрафт ва шукуфоии ояндаи дурахшони кишвар қадамҳои дуруст гузорад.