Ҳимояи рисолаи номзадии Муминов Сафаралӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
9 января 2023 года на диссертационном совете 6Д.КОА-041 Таджикиского Технического университета имени академика М. Осими наш коллега Муминов Сафарали Валиевич успешно защитил свою научную диссертацию на тему «Состояние радиационной безопасности и радоновый мониторинг территории Таджикистана» по специальности 03.02.08 – Экология (технических наук).
Бояд қайд кард, ки рисолаи диссертатсионии Муминов С.В. дар мавзӯи басо ҳам мубрам нигошта шудааст, ки ба омӯзиши паҳншавии изотопи техногении сезий-137 дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин омўзиши фаъолияти хоси умумии алфа - ва бета - зарраҳои обҳои нўшокии шаҳру ноҳияҳои тобеи вилояти Хатлон, баҳодиҳии консентратсияи гази радон дар ҳуҷраҳои биноҳои истиқоматии аҳолӣ, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбею вилояти Хатлон, мониторинги радиоэкологии дараи Камароби ноҳияи Рашт, дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, минтақаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат ва мавзеи зебоманзари Искандаркўли водии Зарафшон, баҳодиҳии вазъи радиатсионии мавзеъҳои атрофи партовгоҳҳои урандор дар қисмати шимоли Тоҷикистон иборат буд.
Лозим ба тазаккур аст, ки роҳбари илмии номбурда, доктори илмҳои техникӣ, дотсент, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Илҳом Мирсаидзода буда, ҳадафи асосии таҳқиқот арзёбии вазъи бехатарии радиатсионӣ ва мониторинги радон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Муқарризони расмӣ олимони шинохтаи кишварамон, аз қабили устодон Абдуллаев Сабур Фузайлович - доктори илмҳои физика ва математика, профессор, мудири озмоишгоҳи «Физикаи атмосфера» -и Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Розиқов Зафар Абдуқаҳҳорович - доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи “Экология”-и Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон мебошанд.
Зимнан бояд иброз дошт, ки дар рафти баргузории ҷаласаи Шўрои диссертатсионӣ, аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ ба кори илмии Муминов С.В. низ баҳои баланд доданд. Мутобиқи хулоса ва қарори ниҳоии онҳо кори диссертатсионии Муминов Сафаралӣ Валиевич мавзӯи мубраму тахассусии анҷомёфта ба ҳисоб рафта, ҳамзамон метавон гуфт, ки Муминов Сафаралӣ Валиевич барҳақ сазовори унвони илмии номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Муваффақияти навбатӣ муборак, Сафаралии азиз!