Баромади аъзои бахши миллии
13 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе, дар назди Агентии Миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» сӯҳбат бо аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи медали тиллоӣ Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, номзади илмҳои химиявӣ, дотсенти донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ғайбуллоева Зумрат Ҳабибовна дар барномаи “Зан ва зиндагӣ” дар мавзӯи “Нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ”, сӯҳбат гузаронида шуд.
Дар рафти сӯҳбат дар бораи кору фаъолияти Бахши миллии “Хонуми ядроӣ”-и назди “Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ”, ки 8 марти соли 2020 ташкил ёфтааст, суханронӣ намуданд. Хусусан, дар бораи мақсад ва вазифаҳои Бахши милии “Занони ядроӣ”, дар бораи фаъолиятҳои назарраси аъзоён, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, тарғиби арзишҳои оилавӣ, тарзи ҳаёти солим, тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, гузаронидани озмунҳои гуногун байни ҷавондухтарон ва кӯдакон, гузаронидани мизҳои мудавар ва семинарҳо, конференсияҳои илмӣ-амалии байналмиллалӣ, гузаронидани чорабиниҳои хайриявӣ, гуфта гузаштанд.
Дар рафти сӯҳбат, оид ба кори конференсияи байналмиллалӣ илмӣ-амалии “Нақши зан-олим дар пешрафти илм, инноватсия ва технология”, ки соли 2022 дар шаҳри Гулистон баргузор гардид, гуфта гузаштанд. Дар кори конференсия олимон- занон тоҷик аз соҳаҳои мухталиф иштирок намуданд. Дар баробари он меҳмонон аз давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико, Покистон ва дигарон бо натиҷаҳои корҳои илмӣ ва амалии худ иштирок варзиданд. Занон дар ин чорабинӣ бо ҳаёт ва фаъолияти якдигар аз наздик шинос шуданд, нақшаҳои ҳамкориҳои ояндаро дар якҷоягӣ баррасӣ намуданд. Ин гуна чорабиниҳо, барои пешрафти занон дар ҷомеъа, ҷалб намудан ба корҳои илмиву техникӣ, шиносоӣ бо технологияҳо ва таҷҳизотҳои замонавӣ, роҳҳои таъсиррасонӣ барои хубу беҳтар гардидани солимии занон ва баланд бардоштани шароити зиндагии онҳо таъсири мусбӣ мерасонад, дар сӯҳбат қайд гардиданд.
Дар рафти сӯҳбат, дар бораи амалӣ гардидани Барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 ва саҳми Бахши миллии “Занони ядроӣ” қайд намуданд, ки зани тоҷик дар баробари модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа будан, имрӯз, омӯзгор, олима, ходими илмӣ, арбоби илму фарҳанг, ходими давлату ҷамъият, сиёсатмадор аст. Яке аз масъалаҳои асосии Бахши милии “Хонуми ядроӣ” дар ҷодаи илм ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсил ва зиёд намудани фарогирии онҳо ба илму маърифат мебошад. Барои амалӣ намудан, чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд, ки баҳри манфиати занону духтарони тоҷик дар соҳаи илму маориф имкониятҳои нав ба навро амалӣ менамояд.
Инчунин, Ғайбуллоева Зумрат дар сӯҳбат, оид ба корҳои илмии худ ва ихтироотҳо дар самти коркарди маъданҳо бо тарзҳои аз ҷиҳати энергетикӣ каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, иштирок дар намоишгоҳҳои ихтироъкорон дар ш. Сеули Корея ва мушараф гардидан бо медали тилло, иштирок дар кори Созмони ҷаҳонии “Илм ва Тандурустӣ” дар Ҳиндустон ва мушараф гардидан ба ҷоизаи “Олими беҳтарин дар самти химия ва металлургия”, гирифтани медали тилло аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар соли 2022 ва бо муваффақият дифоъ намудани рисолаи доктории худ дар мавзӯи “Асосҳои технологии ҳосил намудани пайвастагиҳои металлҳои электротехникӣ, суханронӣ намуданд.