Ҳамасола 11 феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм» таҷлил мегардад, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ бо мақсади таъмини дастрасии комил ва баробар иштироки занон ва духтарон дар илм қабул шудааст.
Аз ин лиҳоз, 9 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби ноибони Президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan), Қаюмова Дилором Абдулҳамидовна (н.и.т.), масъули оммавигардонии илм дар байни ҷавондухтарон, ва Шарофова Миҷгона Умедҷоновна (д.и.т.) бахшида ба «Рузи байналмилалии занон ва духтарони дар илм» мизи мудаввар барпо гардид. Тавассути табодули таҷриба оммавӣгардонидани илм дар байни занону духтарон яке аз мақсадҳои асосии баргузории ин мизи мудаввар мебошад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи чанд соли охир барои ташвиқ ва ҷалби занону духтарон ба илм талошҳои зиёд ба харҷ додаа истодааст.
Иштироки ҳаматарафа ва баробари занону духтарон дар корҳои илмӣ барои таъмини тадқиқотҳои гуногун илмӣ, васеъ намудани доираи тадқиқотчиёни боистеъдод ва ба вучуд овардани имкониятҳои нав нақши асосиро мебозад.
Дар мизи мудаввар дар асоси доираи ҳамкориҳо байни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-и Агентии амниятии ХБРЯ-и АМИТ бо Анҷумани «Занони пиряхшинос»-и назди Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ», намояндаҳои ду ҷониб иштирок намуданд.
Дар раванди мизи мудаввар маърузахои илмӣ ва презентатсияҳои олимони соҳаҳои фаъолияташон гуногун шунида ва муҳокима шуданд.
Маълум аст, ки занон дар бисёр соҳаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ кам намояндагӣ мекунанд ва соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ истисно нест. Ҳамин тавр, мудири Сектори назорати шӯъохурии касбии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ н.и.т. Шосафарова Шоира Гулмахмадовна бо маърӯзаи худ оиди саҳми занон дар таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва оиди фаъолияти асосии Агентии амниятӣ ХБРЯ-и АМИТ баромад намуданд.
Оиди дастовардҳои асосии соҳаи пиряхшиносӣ намояндагон Анҷумани «Занони пиряхшинос» дар баромадҳои ҷолибу шавқовари худ равшанӣ андохтанд.
Аз таҷриба ва комёбиҳои хеш дар соҳаи илм Шарофова Миҷгона Умедҷоновна низ нақл карда, ба ҳамаи ҳозирон дар чунин роҳи душворе чун илм комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.
Дар фарҷом қайд карда шуд, ки занону духтарон ҳамчунон пешвои тадқиқоти навоварона ва пешқадам ҳастанд ва барои наслҳои ояндаи миллат намунаи ибрат мебошанд.