ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
23 - уми феврали соли 2023 бахшида ба муносибати 30 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химияӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии мутантан бо иштироки аҳли кормандони Агентии мазкур баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ директори Агентӣ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода аз таърихи таъсисёбӣ ва инчунин ташаккули Артиши миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҳамзамон бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сифр холӣ муфассал сухан ронда, саҳми махсуси ин ниҳоди заруриро дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва инчунин таъмини пайвастаи амнияти сартосарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд кард. Инчунин, дар давоми баромади пурмуҳтавои худ бештар перомуни матонату маҳорат ва диловарии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мухтасар сухан ронда, кулли ҳозирин ва иштирокчиёни ҷамъомадро бо ин ҷашни бузурги муҳофизони Ватан ва мактаби далерию шуҷоату арсаи меҳандӯстию кафили сулҳу суботу осоиштагии марзу буми аҷдодиамон самимона шодбош гуфт.
Бар замми ин дар ҷараёни баргузории ҷамъомад дар майдончаи Маркази омӯзишии минтақавии Агентӣ бо иштироки кулли кормандони ин ниҳод чорабиниҳои варзишӣ доир гардиданд. Чорабинӣ аз рӯйи 10 намуди варзиш, аз ҷумла мусобиқаҳои варзишии бандкашӣ, дастхобонӣ, футболбозӣ ва дигар намуди мусобиқаҳо гузаронида шуданд. Дар ҷамъбасти ниҳоии мусобиқа ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд ва хотиравии маъмурияти Агентӣ сарфароз гардиданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ, пеш аз ҳама ин такмили маҳорат, обу тоби бадан, гузаронидани машқҳои ҷисмонӣ ва ҳамзамон тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим маҳсуб меёбанд. Бояд зикр кард, ки дар Агентии мазкур ҳамин тариқ ин гуна чорабиниҳои муфиду варзишӣ ба таври мунтазам гузаронида мешаванд, ки ҳоло ба ҳукми анъана даромадаанд.