Маросими расмии супоридани детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд
Санаи 27 феврали соли 2023 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маросими расмии супоридани Детекторҳои махсус барои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, бо мақсади муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом дар доираи татбиқи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
Дар маросим директори генералии Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд - Қурбони Алимардон, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар Вилояти Суғд, генерал майори хадамоти гумрук - Зафар Маҳмадиев, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ - Илҳом Мирсаидзода, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ - Фарҳод Қиёмиддинов, намояндагон аз Барномаи миллии амнияти ядроии Вазорати энергетикаи ИМА ва дигарон иштирок варзиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз насби чунин детекторҳои махсус ин муқовимат ба терроризм бо истифода аз силоҳи қатли ом ва гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ тавассути сарҳадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Насби чунин таҷҳизот дар фурудгоҳ иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ҳама гуна силоҳи қатли ом, пешгирӣ ва гардиши ғайриқонунии он мебошад.
Дар тӯли солҳои охир чунин детекторҳои кашфи маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии "Дӯстӣ" , "Панҷи поён", "Фотеҳобод", "Гулистон", "Саразм" ва Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб шудаанд. Дар доираи амалинамоии Қатъномаи 1540, насби чунин детекторҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Кӯлоб ва Бохтар пешбинӣ шудааст.
Дар доираи лоиҳаи мазкур таъмини таҷҳизоти дастӣ ва омӯзиши кормандони Хадамоти гумрук бо мақсади пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ пешбинӣ шудааст.