ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА СЕЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ БАХШИ МИЛЛИИ «ХОНУМИ ЯДРОӢ»
6 - уми марти соли 2023 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 3 - юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур зиёда аз 70 нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони гиромиқадр аз кишварҳои хориҷӣ, ки тавассути шабакаи умумиҷаҳонии интернет ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) пайваст шуда буданд, ширкат варзиданд.
Ҷаласаро бо суханони табрикотӣ директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААХБРЯ АМИТ) доктори илмҳои техникӣ, дотсент Илҳом Мирсаидзода ҳусни оғоз бахшида, қалб аз ифтитоҳи ҳамоиш аҳли ҳузорро бо фарорасии Рӯзи Модар ва ҳамзамон сеюмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» самимона шодбош гуфта, нақши рӯзафзуни занонро дар рушди илм, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ басо ҳам назаррас қайд намуда, зимнан иброз дошт, ки бонувони тоҷик айни замон аз уҳдаи кулли корҳо ба нафъи ҷомеа ба хубӣ мебароянд ва саҳми боризи худро ҳамеша мегузоранд. Илҳом Мирсаидзода ҳамзамон перомуни комёбиҳои Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ва нақшаҳои навбатии он дар оянда назди ҳозирин ва кулли иштирокчиёни ҷамъомад муфассал суханронӣ намуд.
Ба суханҳои табрикотӣ директор, д.и.х, профессор, академики Мирсаидов Улмас Мирсаидович низ ҳамроҳ шуда, ҳамаи бонувонро бо фарорасии Рӯзи Модар ва инчунин таҷлили ҷашни 3-юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” самимона муборакбод гуфта, хусусан ба кулли аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” дар самти рушди минбаъда ва инчунин муваффақона ноил гардидан ба ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи дар пеш гузоштаашон комёбиҳои беназир ва тавфиқ таманно намуданд.
Инчунин президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» - Зарина Сайфиева низ ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Рӯзи Модар ва инчунин таҷлили ҷашни 3-юмин солгарди таъсисёбии Бахши миллии «Хонуми ядроӣ» самимона шодбош гуфта, барои ширкати фаъолонаашон дар баргузории аксари чорабиниҳо изҳори сипос намуд.
Сипас сухан ба намояндагони WIN аз кишварҳои хориҷӣ - Евгени Енишина, роҳбари бахши миллии WiN Global WiN Русия, Ли Марина - Президенти WiN Uzbekistan ва дигар шарикон дода шуд. Онҳо, дар навбати худ, ҳамаи иштирокчиёни Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»-ро бо Рӯзи байналмилалии занон, Рӯзи модарон ва 3-юмин солгардӣ “Хонуми ядроӣ” табрик гуфта, ба ҳамагон шукуфоӣ, рушду нумӯи минбаъда ва дар ҳама корҳо барору комёбиҳоро таманно намуданд.
Ҳамзамон, бо суханҳои табрикотӣ низ н.и.х. Ҳакмова Нодира Умаровна, н.и.х Гайбуллоева Зумрат Хабибовна ва н.и.т Абидҷонова Нигора Нафизовна ҳамагонро бо чунин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуданд.