МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ ДАР ТИБ ВА ТАБОБАТИ НУРӢ ДАР ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ»
10-уми марти соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини президенти Бахши миллии «Хонуми ядроӣ», доктори илмҳои тиб Шарофова Мижгона Умедҷоновна мизи мудаввар дар мавзуи: «Бехатарии радиатсионӣ дар тиб ва табобати нурӣ дар ёрии паллиативӣ» баргузор гардид.
Дар рафти баргузории мизи мудаввар ҳамзамон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни мизи мудаввар, ки ҳамагон аъзои «Хонуми ядроӣ» буданд, ду маърӯза пешниҳод карда шуд.
Сипас, номбурда инчунин қайд кард, ки бинобар хатарҳои мавҷуда ва сол аз сол васеъ шудани истифодаи он ба соҳаи татбиқи радиатсияи иондоркунанда дар тиб назорати махсус ҷорӣ гардида, бар замми он таваҷҷуҳи бештарро барои ҳифзи ҳам беморон ва ҳам кормандон тақозо менамояд. Тавоноии истифодаи технологияҳои радиатсионӣ дар ташхис ва табобат тадриҷан имкониятҳои қариб номаҳдуди тиббиро мекушояд. Ҳар қадар тавоноӣ зиёд бошад, масъулият низ ҳамон қадар зиёд мегардад, ки қонуну қоидаҳои дар истифодабарии шуоъҳои иондоркунанда риоя карда шавад. Барои гирифтани иҷозат ҷиҳати анҷом додани ҳама гуна фаъолият бо истифода аз манбаъҳои афканишотӣ ионизатсиякунанда (МАИ) дар тиб риояи меъёрҳои қонунгузорӣ зарур аст.
Маърӯзаи дуюм аз ҷониби номзади илмҳои тиб, мушовир-мутахассиси Ассотсиатсияи миллии ёрии паллиативӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассистенти кафедраи онкология ва табобати нурии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, хонум Нигора Нафизовна Абидҷонова оид ба асосҳои кӯмаки паллиативӣ, нақши терапияи радиатсионӣ дар паст кардани синдроми дарди беморони саратон ва бо мушкилоти бемороне, ки ба ёрии паллиативӣ ниёз доранд, бахшида шуда буд, назди ҳозирин муаррифӣ гардид.
Бар замми ин қайд карда шуд, ки ёрии паллиативии баландсифат ҷузъи ҷудонашавандаи чаҳорчӯбаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид таҳияи механизми ҳамгирои хизматрасонии тандурустӣ ба одамон нигаронида шуда мебошад, ки аз ҷониби 69-умин Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар соли 2016 тасдиқ шудааст. Аҳаммияти масъалаҳои кӯмаки паллиативӣ дар ҷаҳони муосир сол то сол меафзояд. Доруҳои табобати паллиативӣ, аз ҷумла, доруҳои таскинкунандаи дард, дар рӯйхати доруҳои зарурии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ барои калонсолон ва кӯдакон қарор доранд ва бояд барои ҳама табақаи ниёзмандон дастрас бошанд.
Мавсуф дар баробари маълумоти хеле ҷолибу зарурӣ додан, инчунин ба ҳар як иштирокчии чорабинии мазкур туҳфаҳои хотиравӣ бо нишон ва навиштаҷоти «Ассотсиатсияи миллии ёрии паллиативии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (васоити электронӣ бо маълумот дар бораи фаъолияти онҳо, дафтарчаҳо ва хатнависҳо) ва китоби «Мероси ниёгон»-ро тақдим намуд.