СЕМИНАР ДАР МАВЗУИ: «МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ ПАРТОВГОҲҲОИ УРАН ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ» БАРОИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ТЕХНИКИИ БА НОМИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ
СЕМИНАР ДАР МАВЗУИ: «МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГИИ ПАРТОВГОҲҲОИ УРАН ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ» БАРОИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ТЕХНИКИИ БА НОМИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ
10 - уми марти соли 2023 аъзои Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” номзади илмҳои химия, ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳакимова Нодира Умаровна, лаборанти калони Агентии мазкур Сабрина Тағоева ва омӯзгори фанни биологияи Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ - Дон Екатерина Геннадевна дар мавзуи «Мушкилоти экологии партовгоҳҳои уран дар шаҳри Истиқлол» барои хонандагони синфи 11-и Литсейи техникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ семинар доир намуданд.
Мақсади аз баргузории семинари мазкур на танҳо шиносонидани донишҷӯйён бо мушкилоти экологии марбут ба партовгоҳҳои урани шаҳри Истиқлол, инчунин роҳҳои имконпазири олудашавӣ бо радионуклидҳо ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати кам кардани ин мушкилот, балки кӯмак расонидан ба толибилмон дар интихоби касби оянда, ҳамзамон ба ин васила бедор намудани шавқу завқи онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ бахшида ба амалисозии “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” ва инчунин эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” миёни мактаббачагон ва махсусан духтарон мебошад.
Лозим ба тазаккур аст, ки зимни баромади худ Нодира Ҳакимова ба хонандагон дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон перомуни корҳои илмӣ - таҳқиқотии гузаронида шуда, нақл кард.
Дар раванди баргузории семинар мактаббачагон дар бораи таърихи партовгоҳҳо ва инчунин корҳои барқарорсозии онҳо муфассал маълумот гирифтанд. Ташкил ва баргузории чунин семинари муфид аз ҷониби аъзоёни Бахши миллии “Хонуми ядроӣ” барои муҳаққиқони ҷавону мактаббачагон хело ҳам пурмазмун ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд.