Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таърихи пуршарафи халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем онро эҳтиром кунем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамонӣ ва фидокории ниёконамонро омӯзем ва онҳоро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан муаррифӣ намоем.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки боиси ворид шудани унсурҳои бегона ба фарҳанги миллӣ мегардад, рӯ овардан ба таърих ва шинохти худ барои ҳар як инсон, бахусус наврасон ва ҷавонон, хеле муҳим ва ҳатмист.
Мо бояд ниёкони худро бишносем, онҳоро эҳтиром кунем ва бо асли ориёии худ ифтихор намоем.
Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик асари бунёдии академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав нашр карда, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар як оилаи кишвар ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат ройгон тақдим намояд.
Ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи миллии илмҳо супориш дода мешавад, ки тарҷума ва нашри ин китобро ба забонҳои хориҷӣ анҷом дода, нусхаи электрониашро тавассути сомонаҳо паҳн намоянд.
Арзиши илмии ин таҳқиқоти бунёдӣ хеле бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи пайвастаи худ моро ва ҷаҳониёнро бо саҳифаҳои дурахшони таърихи миллатамон ошно намуд.
Бовар дорам, ки дар шароити имрӯза, замоне ки ҳар як узви ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ бештар ниёз дорад, нашри ин асари барҷаста ва паҳн кардани он миёни мардум ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва сатҳи маърифатнокии ҷомеаро боло мебарад.
Мо миллате бо фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ ҳастем ва бояд бештар ба таърихи худ муроҷиат карда, дар дили фарзандонамон муҳаббат ба китобу донишро парвариш намоем.
Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои насли имрӯза яке аз муҳимтарин вазифаҳои мост.