Такмил ва мутобиқсозии чораҳои тандурустии ҷамъиятӣ ҳангоми гузариш байни марҳилаҳои мубориза бо COVID-19
Кишварҳои узви Минтақаи аврупоии ТУТ айни замон марҳилаҳои гуногуни пандемияи COVID-19-ро паси сар мекунанд. Бо вуҷуди ин, новобаста аз он ки кадом кишвар дар кадом марҳила қарор дорад, ҳукуматҳо ва мақомоти тандурустии Минтақа бояд дар бораи марҳилаҳои минбаъдаи стратегияи посухи худ андеша кунанд ва нақшаҳои муносиб таҳия намоянд, то ба сатҳи паст ва устувори паҳншавии вирус ноил гардида, онро дар оянда нигоҳ доранд ва ё комилан пахш кунанд.