Маҷлиси ҳизбии ташкилоти ибтидоии “АФКАНИШОТ”
21 декабр дар толори маҷлисгоҳи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ААЯР АМИТ) вохӯрии намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо кормандони Агентӣ баргузор гардид. Дар он Руқия Қурбонова — раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Дилрабо Ашурова — раиси Шӯрои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Ширин Қурбонова — муовини раиси ТҶ «Хирадмандон» дар АМИТ ва дигар намояндагони ҲХДТ иштирок намуданд.
Ширин Қурбонова ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба таъриху рушди ҳизб суханронӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки имрӯз мардум бо донишҳои сиёсӣ мавқеи ҲХДТ-ро дуруст арзёбӣ менамоянд ва рисолати ҳизб — хизмати содиқона ба миллат ва Ватан мебошад.
Илҳом Мирсаидзода — директори ААЯР АМИТ дар бораи нақши ҳизб дар муассиса ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини субот сухан гуфт.
Руқия Қурбонова таъкид дошт, ки ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолӣ ҳамчун ҳизби демократия, сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзи ҳастӣ намуд.
Дар анҷом кормандони навъи ҳизбшудаи Агентӣ шаҳодатнома ва гувоҳномаҳои узвият дар ҲХДТ гирифтанд.